Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

яъне -гӣ аз ин шаҳодат медиҳад, ки дар оянда дар иборасозии исм, ки ҷузъи тобеаш сифати феълӣ бо ин суффикс набошад, хеле инкишоф меёбад. Як сабаби равону содда гардидани забони адабӣ аз таъсири забони зиндаи гуфтугӯӣ васеъ шудани функцияи ҳамин гуна шаклҳои грамматикӣ мебошад.

Дар ин ҷо хизмати С.Айниро низ қайд кардан зарур аст, ки зеро дар "Таҳзиб-ус-сибъён"-и ӯ низ ин шакли сифати феълӣ серистеъмол аст. Асари Мирзосироҷ, ки аз асари С.Айнӣ чор сол баъдтар навишта шудааст, дар тақвияти ин навигариҳои муфиди соҳаи забон роли муҳим бозидааст.

ЗАРФ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ОН

Зарфҳо дар байни ҳиссаҳои нутқ бо вазифаи синтаксисӣ ва морфологияи худ аз ҳиссаҳои дигари нутқ фарқ карда меистанд.
Хусусияти хоси ин ҳиссаи нутқ тағйирнаёбанда ва тасрифнашаванда будани он аст. Дар забони тоҷикӣ зарфҳо миқдори каманд34, дар ҷудо намудани зарф аз ҳиссаҳои дигари нутқ роли матн хеле калон аст. Баъзе калимаҳое ёфт мешаванд, ки онҳо аслан сифат буда, дар ҷумла ба вазифаи ҳол низ омада метавонанд. Аз ин рӯ, гуфтаи академик Б.Ниёзмуҳаммадов дуруст аст: "Дар морфология ҳар калима мувофиқи маъно ва вазифаи худ ба яке аз ҳиссаҳои нутқ қатъиян вобаста буда, дар дохили ҳамон ҳиссаи нутқ вазифаеро иҷро мекунад. Як калима ҳеҷ вақт берун аз матн ба ду ҳиссаи нутқ тааллуқ дошта наметавонад"35. Дар забони "Туҳафи аҳли Бухоро" чунин хелҳои зарф истеъмол шудааст:

  1. Аз хелҳои серистеъмолтарин дар забони асар зарфи тарзи амал мебошад. Ин гурӯҳи зарфҳо ба ҷумла оҳанги махсусе медиҳанд ва мақсади фикри баён мешудагиро пурра тасвир менамоянд.
    Зарфи тарзи амал бо хусусияти хоси худ аз гурӯҳҳои дигари зарф фарқ карда меистад. Нависанда ба воситаи суффиксҳо ва калимаҳои такрори зиёде зарфи тарзи амал сохтааст:

бо суффикси -она. Дар ибтидои асри XX бо ин суффикс
сохта шудани зарфҳо серистеъмол мебошад. Суффикси -она дар сохтани сифатҳо низ роли муҳим мебозад, лекин дар асар аксаран
суффикси -она зарф сохтааст. Мисолҳо: Он шаб Соболуфро дар манзили Иброҳим султон муҳтарамона нигоҳ доштанд (с.324). Роибона
исми ӯро ҳам сабт додам (с.49). Он рӯз амирсоҳиб дар арк ё дар
яке аз имороти давлатӣ озодона маҷлис мекунад (с.174). Боадабона

пешина
аз 159
навбатӣ