Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
зиндагии Шоҳин айнан ҳамин гуна давр буд.
- Услуби фикрронии Шоҳин дар ҳама ҷо як хел нест. Баъзан бо рамзу киноя ва истиора сухан гуфтааст:
"...мехоҳам аз танҳоии зиндагӣ, ки машғалаи он ҷуз ҳарбандагӣ нест, ба олами бақо, ки холӣ аз татовул ва бедодӣ, пои реҳлат фаро ниҳам... То кай чун кирми мизбала ба ҷиҳати пур кардани ҳавсала дар миёни қозура ва қумиз исрофи авқоти азиз тавон кард? Худованд... гувоҳи ҳоли ман аст, ки аз зиндагӣ дилгарм ва аз ҷон сер".
Дар мавридҳои дигар ба тарзи пӯшида сухан ронда калимаҳо ва ибораҳои арабиро бештар истеъмол намудааст: "...тукмаи кулоҳ ва қуббаи бозгоҳ яксон аст. Ғале мард дар назари ин тоифа муаннас аст, аз он ки худро муҳаннасанд ва ҷомаи тақво дар ҳузури ин ҷамоа мулаввас аст, чаро ки худро олудаи наҷас ва муҳаббасанд..."
Дар асар калимаҳои умумишудаи арабӣ низ бисёранд, бовуҷуди ин нависанда бисёр калимаҳоеро истеъмол намудааст, ки сирф китобӣ буда, барои оммаи халқ тамоман бегона аст.
Дар "Бадоеъ-ус-саноеъ" истифодаи тарзҳои гуногуни ҷамъбандии арабӣ, хусусан ҷамъбандии мукассар зиёд воқеъ гаштааст. Забони шеърҳо ва порчаҳои ҳаҷвии Шоҳин хеле содда мебошанд. Нависанда бо ифодаҳо ва ибораҳои тайёри адабиёти классикиамон маҳдуд нашуда, калима, ибора ва ифодаҳои нав эҷод кардааст ва хизмати шоёни ӯ, пеш аз ҳама, дар он аст, ки вай барои ба нормаи забони адабӣ даровардани калима ва ибораҳои оммафаҳми халқӣ кӯшиш кардааст ва ба ин восита, забони адабиро ба забони умумихалқӣ то дараҷае наздик намудааст.
г) Маълум аст, ки дар адабиёти ибтидои асри XX ёддоштнависӣ ва сафарноманависӣ ҳам хеле ривоҷ ёфта буд. Дар ин давр ба ёддоштнависӣ майлу рағбат пайдо намудани як гурӯҳ нависандагон, бешубҳа аз таъсири Восифӣ ва Аҳмади Дониш буд.
Дар эҷодиёти баъзе нависандагони ин давр айнан тасвир на-мудани ҳаёти воқеӣ бештар роҳ ёфт. Мувофиқи нишондоди адабиёт-шинос М.Шукуров22 дар ин давра ду сафарномаи бузург эҷод шуда-аст, яъне сафарномаи Возеҳ - "Савонеҳ-ул-масолик" ва сафарно-маи мирзосироҷи Ҳаким - "Туҳафи аҳли Бухоро". Ин асарҳо мазму-ни иҷтимоӣ доранд. Хусусан мазмуни иҷтимоии сафарномаи Мирзосироҷ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё