Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

хеле барҷаста аст. Сафарномаи дигари ин давр "Таърихи ҳумоюн"-и Гулшанист, ки соли 1909 навишта шудааст. Аз асарҳои ёддоштии ин давра "Латоифу мутоибот" ва "Тазкират-ул-ҳумақо" ном асарҳои Шарифҷон махдуми Садри Зиёро номбар кардан мумкин аст.

Ба ин тариқа, дар ибтидои асри XX, маорифпарварони насли дуюм барои содда кардани забони адабӣ кӯшишҳои бисёре карданд. Ҳамаи онҳо дар назди худ як мақсад доштанд, ки он ба забони халқ наздик кардани забони адабӣ буд. Бо ин ният аз забони зинда бисёре калима ва воҳидҳои фразеологии дар байни халқ маъмулу машҳур, калимоти русӣ, чанд шаклу воситаи грамматикиро ба забони адабии ин давр дохил намуданд. Ин тарафи масъала гувоҳи он аст, ки маорифпарварон ҷиҳати иҷтимоии забонро хеле хуб фаҳмида, дар наздашон вазифа гузошта буданд, ки забони адабиро то ҳадди имкон ба забони халқ наздик намоянд. Бо вуҷуди ин забони асарҳои онҳо аз забони адабии имрӯза фарқи ҷиддӣ дорад. Бо гуфти Р. Рафффоров "ҳатто муқоисаи соддатарин намунаи таълифоти онҳо ба таври раднопазир тасдиқ менамояд, ки маорифпарварон дар соддаю оммафаҳм шудани забон фақат иқдом намуда, аммо онро то охир саранҷом накардаанд".23

Ҳар як маорифпарвар дар иншо услуби хоси худро дошт. Баъзе аз онҳо шаклу воситаҳои қадимаро бештар, баъзеашон хеле кам, гурӯҳи дигар калимаҳои арабиро зиёдтар, қисми дигарашон камтар истифода мебурданд. Аз ин ҷиҳат забони асарҳои онҳо ҳам дар тарзи баён ва ҳам истеъмоли қоидаҳои анъанавӣ аз якдигар фарқ доштанд. Мо барои далели фикр аз се асари насрии ибтидои асри XX: 1) "Таърихи ҳумоюн"-и Гулшанӣ (соли таълифаш 1909), 2) "Наводири зиёия"-и Садри Зиё (соли таълифаш 1904-1905) ва 3) "Туҳафи аҳли Бухоро"-и Мирзосироҷи ҳаким (1913) барои муқоиса порчаҳо меоварем.

Порчаи аввал аз "Таърихи ҳумоюн"-и Гулшанӣ:

Зикри қасабаи тумони Ҳайробод. Ин тумон кӯчактарини тумоноти Бухорои шариф аст, чаро ки дар зарфи як қари нисфи ин тумонро рег иҳота намудааст. Аз тарафи ғарбӣ ва шимолии он лиҳозо Пайкандро, ки асْлан аз тавобеи вилояти Қароқӯл аст, замиман он намудаанд. Ин тумон дорои понздаҳ ҳазор нуфус аст. Ҳафт хонаҳои сангин ва яксаду панҷоҳу ҳафт қурост ва мазори Алиакбари Ҳазрати Орои бузург дар ин тумон аст. Масофаи ин тумон аз Бухоро

пешина
аз 159
навбатӣ