Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ду фарсах аст. Ба тарафи ғарбии Бухорои шариф воқеъ аст ва дар ҷумлаи абнияи қадима дар ин тумон ба канори шарқии дарёи Зарафшон ба қарибии қарияи Ҷондарди қасри сангин аст, ки хароб аст. Аз дарё баъид афтода ба вақти зарурат аҳолии он хиштҳои онро канда бурда ба масрафи худҳо сарф намудаанд. Алъон нисфи он чиз боқӣ ва аз ҷумлаи абнияи қадима дигар дар ин тумон қӯрғони Ҷороб аст, ки дар болои тали рафеъ воқеъ аст ва аз осори боқии он мустафод мешавад, ки дар асри қадим бисёр шаҳри азим буда, имороти арки он алъон боқист. Ва охири ободии он ба қарни собиқ ба вақти ҳуҷуми аҳолии Ҳева дар ин тумон сокинини ин марзбум бинобар мустаҳкам ва матин будани он дар қӯрғони мазкур маҳсур мешаванд ва дар таҳти ин қӯргон хонақои сангини идин ва ҷумъахонии панҷвақтист ва аҳлии ин қасаба тамоман деҳқон ва баъзе ҷаҳорподор аст" (саҳ. 21-23).

Порчай дуюм аз "Наводири Зиёйя"-и Садри Зиё:

"Муқорини замони охунд алайҳирраҳма, дар вилояти Самарқанд қози мулло Абулҳайҳоча, ки дар афвоҳу алсинаи дуру наздик ва турку тоҷик бо унвони қозикалони шал машҳуру мазкуранд ва сити иштиҳори он бузургвор дар байни сигору кибори ҳар диёр каш-шамси фӣ васат-ун-наҳор аст, ҷомеиаш дар тамоми фунун ва ҷамеи улум ҳама касро маълум, то ба ҷое, ки кутуби арбааи самовия, ки иборат аз Фурқону Инҷилу Тавроту Забур аст, тамоман маҳфуз ва мазбут буда, ҳар як кутуби арбааи мазкураро ба аҳли он дарс гуфтандî... Ишқи асфалашон ҳаракат надошт, аз ин ҷиҳат ба қозикалони шал иштиҳор ёфтанд. Ҳар ҷо, ки мерафтанд, ба маофаи зарнигор мебурданд. Дар ҳолу қол касеро маҷоли сухан ва ёрои қилу қол набуд. Дар ҳасабу насаб мумтозу беанбоз буданд".

Дар баъзе мавридҳо хусусан дар шарҳи воқеаҳои ҳаҷвӣ Садри Зиё хотироти худро бо забони соддатар ва оммафаҳмтар навиштааст:

Гуфтанд, ки эй ҷалис, ту худ толиб будани маро ба қолидус медонистӣ, қарз мусоҳила кардӣ ва пеш аз онҳо харидор нашудӣ, ё аз онҳо зиёдтар карда нагирифтӣ. Акнун зуд бош ва панҷоҳ тилло зиёдтар дусаду панҷоҳ тилло гирифта бар. Ҳар ранг карда он ҷонварро ба даст ор, вагарна муонидони ман агар ӯро харанд, қувваи илмиашон зиёдтар шуда, дар маҷолис ва навофил ба ман ғалаба хоҳанд кард (Садри Зиё, "Наводири Зиёия", саҳ. 143-144).

пешина
аз 159
навбатӣ