Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

(одами омадагӣ, киштии савор шуда омадагӣ) ва ҳам дар шакли замони гузаштаи ҳикоя (одами таҳсил мекардагӣ, оби мехӯрдагӣ) аз забони зинда ба забони адабӣ дохил карда шуд ва хеле серистеъмол гашт: мардуми дар он корвонсарой будагӣ (сах. 236), пиллаҳои аз Ҳӯқанд харидагӣ (с. 104), роҳи омадагӣ (с. 140), ҷойҳои надидагӣ (с. 105), ба одами таҳсил мекардагӣ (с. 243), кордорони дилаш мехостагӣ (с. 295), оби мехӯрдагӣ (с. 228), ашхоси дилашон пур мешудагӣ (с. 48) ва ғайра.

Дар қисмати синтаксис ҳам баъзе тағйиротҳо ба вуҷуд омаданд. Дар ин давр як қатор воситаҳои грамматикӣ ва тарзҳои ифодаро дучор мекунем, ки аз насри классикии пешина фарқ карда ба забони адабии имрӯза монандӣ доранд. Ҷиҳати аз ҳама намоён ин аст, ки дар ин давра мавқеъ ва вазифаи пайвандаки пайвасткунандаи ва дар наср як андоза конкреттар гардид. Дар насри классикӣ ва ҳатто дар асарҳои ҳамзамонони Мирзосироҷ ин пайвандак бо ҳар қадои аз аъзоҳои чида ва ҷумлаҳо ба тарзи такрор оварда мешуд, яъне ҷумла бо ин пайвандак сар мешуд ва паси ҳам чандин бор такрор меёфт. Ҳатто он ба вазифаи аломати хитобатии вергул ва нуқта кор фармуда мешуд.

Тарафи дигари ба соддагӣ майл овардани забони адабии ин давра ба ҳадди имкон даст кашидан аз тарзи суханронии пуртакаллус, ибораҳои роҷиҷи печ дар печ ва суханбозиҳои бемантиқ иборат буд.

Чизи дигари назарраси ин давра он буд, ки баъзе аз маорифпарварон, хусусан, Мирзосироҷ тасвири реалистиро пеш гирифт, суханронии пуртакаллуфро тарк намуд, фикри худро хеле соддаю оммафаҳм баён кард ва забони асарашро ба забони зинда аз ҳар ҷиҳат наздик намуд. Аз ин ҷиҳат ҷумлаҳои содда дар таркиби асари Мирзосироҷ мавқеи муносибро иҷро менамоянд.

Масъалаи дигаре, ки ба забони зинда наздик шудани забони адабиро як андоза нишон дода наметавонад, ҷои категорияҳои алоҳидаи синтаксисӣ дар ҷумла мебошад. Дар адабиёти илмӣ дар ин хусус фикрҳои мухталиф ба назар мерасанд: баъзе аз аҳли тадқиқ чунин мешуморанд, ки ҷои аъзоҳо дар насри классикӣ устувор аст, баъзеи дигар муқобили ин ақидаанд. Ба фикри мо, дар насри классикӣ ҷои аъзоҳо, хусусан ҷои ва пуркунанда, озодтар аст ва ин бевосита таъсири забони зинда мебошад.

Дар ҷумлаҳои содда бештар баръакси ҷои муқаррарӣ пас аз

пешина
аз 159
навбатӣ