Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
Ғайззан барои роҳ надодан ба такрори бемаврид синонимҳоро ҳам мувофиқи талаботи услуб ва ҷумла истифода мебарад: Аз шарики ӯ гирифтан (саҳ. 137). Як нафар шарик доштам (саҳ. 158). шумо ин ҷо дӯст ва ошно аз соҳибмансабон бисёр доред (саҳ. 45). Дар байни калимаҳои гуфтугӯии халқӣ исмҳои бисёре ҳастанд, ки синонимҳои худро доранд: булак - порча, лӯнда, қисм; шӯро-маҷлис, ҷамъомад, дарбор; касод- таназзул; фурсат-вақт, муддат, имкон; гӯлинг - зардолу; бағал - оғӯш; хавф - тарс, изтироб; фасод - ганда, бад, мадда, макр; суроғ - дарак, кофтуков; чорчӣ - мунодӣ; таомул - одат, расм; зомин - кафил; аёл - занубача ва ғайра.
Дар "Туҳафи аҳли Бухоро" луғатҳои гуфтугӯии халқии ифодакунандаи мафҳумҳои предметӣ хеле бисёранд. Як гурӯҳ калимаҳои гуфтугӯӣ-халқие ҳастанд, ки ба мафҳуми предметӣ соҳибанд ва баръакси калимаҳои болоӣ синоним, яъне муродифи худро надоранд. Ин қабил калимаҳо номгӯи асбобу аслиҳои кор, предметҳо ва ҳодисаҳои конкрет, ки ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ тааллуқ доранд: бел, каланд, лӯнгӣ, раҷҷа, наъл, дӯғ, дастмол, пӯстин (дар асар ба шакли пӯтин), чорук (гева), камзӯл, чул, зин, лаҷом (лагом), бӯғча, кӯтак (куртак), сардарахтӣ ва монандӣ инҳо ("Туҳафи аҳли Бухоро" - саҳифаҳои 149, 210, 98, 82, 139, 220, 236, 309, 238, 130, 133).
Лӯнгӣ - пешбандворест, ки дар вақти гармоба даромадан истифода баранд. Дар асар ба маънои предметӣ омадааст: Аксар мардуми он ҷо бо лӯнгӣ дохили ҳаммом мешаванд (саҳ. 210). Монанди ҳаминӣ калимаи раҷҷа (ресмони борик, ки ба воситаи он таҳкурсии хона ё ки дар вақти шинонидани растанӣ ростии қатори онро муайян мекунанд), дар асар ба маънои рост кор фармуда шудааст: дарахтони навзуни хуррам ба аксоин мухталиф раҷҷа кашида шудааст (саҳ. 98).
Дӯғ - обест, ки пас аз гуппӣ задани чурғот ҳосил шавад, яъне чурғотро гуппӣ зада, павганапро мегиранд, боқимондааш дӯғ аст, ки онро монандӣ об менӯшанд ё меошоманд: дӯғи бисёре ҳам ба такораҳо рехта чида буданд (саҳ. 139). Калимаи кӯтак якчанд хусусият дорад. Ин калима дар "Луғати тоҷикӣ-русӣ" ба шакли куртак оварда шудааст. Куртак - оқибати бад, қасос, натиҷаи ғамнок, сарзаниш, хоҳиш, маломат ва ғайра. Дар асар шакли навини ин калима кӯтак аст: бандаро гирифта кӯтаки бисёре заданд (саҳ. 130). Кӯтак дар "Фарҳанги Нафисӣ" ба маънои чӯбдаст,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё