Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

аспобу матоҳҳоро мегирад. Туркман аз ин дар ҳайрат афтода непурсад. Чаро дасти шумо хушк нашуд? Ин манзара дар асар чунин тасвир шудааст: "Аз туркман савол кардам: Инҳо аз барои чӣ гузоштаанд? Гуфт: Инҳо назр аст, ки занони мо ҷиҳати надоштани авлод оварда назр кардаанд" (саҳ. 220).

Сангарбандӣ — санг сохта банд кардан ё ки банд ва гавҳое, ки дар ҷангҳои кӯчагӣ аз чизҳои гуногун сохта худро аз душман муҳофизат менамоянд: ҷаҳмудободиён ҳам дар Маҳмудобод сангарбандӣ карда, халқи тамоми чилавроҳи саҳрои туркман будагиро дар Маҳмудобод ҷамъ мекунанд (саҳ. 317).

Ба ҳамин тариқ ба маънои асосии худ кор фармудани калимаҳои мафҳумҳои предмети дар "Туҳафи аҳли Бухоро" аз воситаҳои муҳимтарини ифодакунандаи номи предметҳо, ҳодисаҳо ва воқеаҳо буда, забони асарро ба забони зинда то дараҷаи муайян наздик кардаанд.

  1. Дар забони "Туҳафи аҳли Бухоро" калимаҳои ифодакунандаи мафҳумҳои сифатие низ дучор мешаванд, ки барои баёни бурро ва тасвири ҷонноки фикр аҳамияти калон доранд. Мирзосироҷ аз забони зинда чунин калимаҳои сифатиеро интихоб намудааст, ки онҳо бо тобишҳои маъноии худ, барои кушодани ҳодисаю воқеаҳо роли муҳим бозидаанд. Як гурӯҳи ин сифатҳо синонимиҳои худро надоранд ва ё бо сифатҳои синонимдор ҳампаҳлӯ омада, бо тобишҳои худ барои кушодани характер ва чигунагии предметҳо хизмат кардаанд.

Сифатҳои камсавод, қашанг, бечора, ҷойдорӣ, бефаросет, ғайюр, чок, (хизмати) немузду миннат, (ваъдаи) хушку қоқ ва ғайре аз ҳамин қабил мебошанд. Калимаи чок — дар забони гуфтугӯӣ ба маъноҳои зиёд истифода мешавад:

  1. чок — андоза, дараҷа, ченак, ӯлчак, миқьёс — намаки он чок.
  2. чок — мувофиқ — Асбобҳоятро чок карда мондӣ-мӣ?
  3. чок — вақт. Дина ӯ ҳамин чок омада буд.
  4. чок — рӯҳия, кайфият, ҳолат. Вақташ чок, димоғаш чок.

Калимаи чокро дар шеваи «астчоҳ» ба маънои васеъи (куртаи чок) ченаки мантиқӣ ё андоза (дидаш чок) кор мефаҳмоянд. Мутаассифона ин ҳама маъно ва тобишҳои маъноии гуфтугӯии тоҷикии калимаи мазкур аз маънои истеъмолии калима дар асар дур буда, муаллиф онро ба маънои гуфтугӯии забони форсии Эрон кор фармудааст. Дар асар сифати мазкур ба маънои хуб, хуш, бардам омада,

пешина
аз 159
навбатӣ