Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
сифати асбро муайян кардааст: Асбҳои фарбеҳ ва чоқ доранд (саҳ. 16).
Қайд кардан лозим аст, ки ин гуна қадинаҳои хоси забони форсии Эрон ё тобишҳои маъноии хоси форсӣ дар асар аҳҷёнан вомехӯрад ва ин аз таъсири забони матбуот ё забони адабиёти муосири форсӣ ба эҷодиёти нависанда аст: кӯчак, қашанг, дабиристон, чоқ.
Калимаи бечора тобишҳои гуногуни маъноӣ дошта, аз тарафи нависанда вобаста ба тасвири хислати персонажи мусбат истифода шудааст. Ин калима дар забони адабӣ маъно ва тобишҳои маъноии гуногун дорад:
- бечора - шахсе, ки камбағалона зиндагӣ мекунад;
- бечора - одаме, ки дар зиндагӣ хеле азоб кашидааст;
- бечора - камбағал, бенаво, қашшоқ, фақир, мискин;
- бечора - шахсе, ки ба як ҳолати танг гирифтор аст;
- бечора - оҳанги навозиш, раҳмдилиро низ ифода карда метавонад. Ин калимаро дар забони гуфтугӯӣ барои ифодаи ҳӯсни тараҳҳум ва изҳори номуродӣ ва безарарии шахсе, ки дар бораи он сухан меравад, истеъмол мекунанд.
Нависанда ин калимаро ба маънои одами хуб, раҳмидил кор фармудааст: Корвонсародори бечора ба тамоми ин мусофирин он шаб он чи лозим доштанд, бебаҳо муфт аз худ дод (саҳ. 237).
Нависанда калимаҳои сифатии синонимиро паҳлӯи якдигар ҷой дода, калимаи сифатии адабӣ ва ҳам сифатии аз забони зинда гирифтаро баробар истифода бурдааст. Ин ба нависанда имконият додааст, ки аз такрори бемаврид худдорӣ намояд : Муҳорунилайҳ одами баде набуд, бисёр марди орому бедағдагае буд (с.311).
Сифати ором маънои бедағдагаро ифода карда метавонад, бо вуҷуди ин калимаи бедағдага маънои ба худ хосро дорад. Калимаи дағдага - аслан исм аст, ки бо префикси "бе" аз он сифат сохта шудааст. Дағдага - кибр, ғурур, дӯғу пӯписа, ҳавобаландӣ; одами бедағдага - одами бекибру ғурур, хоксор, ором.
Баъзе калимаҳои сифатӣ бо тобишҳои маъноии худ қувваи тасвирро зиёд карда, ба асар обу ранги бадеӣ бахшидааст. Сифати қашанг, ки аслан хоси забони форсии Эрон аст ва маънои зеборо дорад, бо вуҷуди бо калимаҳои ифодакунандаи предметҳои гуногун омаданаш ба ҳамаи онҳо як маъно додааст: Бисёр театри хуби қашанги маргуби манзуме буд (саҳ. 106). Боғи давлатӣ ва боғчаҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё