Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Калимаи ҷариб дар "Ғиёс-ул-луғот" муарраби газӣ, май ва ба маънии пайкона шарҳ додааст 12. Устод Айнӣ ин калимаро дар "Марги судхӯр" ба маънии ноҳия кор фармуда ва ба ҳамин маъно шарҳ додааст. Дар забони форсӣ ченаки заминиро ҷариб меноманд.
Калимаи мазкур дар "Туҳафи аҳли Бухоро" ба маънои ченак истифода шудааст: Васати бор ҳам чиҳил ҷариб беҳтар аст, яъне даҳ десатин мешавад (с. 16).

Калимаи фарсах - дар луғати "Бурҳони қотеъ" ба шакли "Фарсанг" оварда шудааст: фарсанг - бар вазни сарсанг қадре бошад муайян аз роҳ ва он ба миқдори се мил аст ва ҳар миле чаҳор ҳазор газ, ки маҷмӯи фарсанг дувоздаҳ газ бошад ва тӯли ҳар газе ба қадри бисту чаҳор ангушти даст бошад, ки ба арз дар паҳлӯи ҳам гузоранд ва он шаш қабза аст, яъне шаш мушт 13. Дар "Фарҳанги забони тоҷикӣ" калимаи фарсах чунин шарҳ дода шудааст: масофаи муайянест, ки тақрибан ба шаш километр баробар аст 14. Маънои калимаи фарсах дар "Туҳафи аҳли Бухоро" бо маънои шарҳдодаи луғати "Бурҳони қотеъ" ва "Фарҳанги забони тоҷикӣ" мувофиқати пурра дорад: Аз Бухоро Хӯқанд ҳафтод фарсах роҳ аст (с. 6). Чаҳалли иқомати тоҷирон ва мансабдорони рус аз Бухоро як фарсаху ним роҳ аст (с. 198).

Калимаи заръ дар нутқи муаллиф дар ифодаи воҳиди ченак оварда шудааст: калимаи мазкур дар "Ғиёс-ул-луғот" ба маънии тоқат ва ба арз паймудан аст 15. Заръ андозаи ченак буда ба 107 см рост меояд: Ба қадри бисту панҷ заръ тӯли қомати онҳо аст (с. 181). Зери он ҳам аз замин, панҷ заръ баланд аст (с. 220).

Калимаи газ - олати чӯбӣ ва ё оҳании ченкунии масофа, матоъ, ки дарозиаш 91,5 см мебошад. Дар забони зинда ин калима ҳоло ҳам дар истеъмол аст. Дар "Туҳваи аҳли Бухоро" дар се ҷой кор фармуда шудааст: Аз қалъаи Ноҳи ҷаҳон подшоҳ ба фосилаи ҳазор газ дар самти мағриб воқеъ аст (с. 275-276). Арзи он ҳам сад газ мешавад (с. 72). Монанди калимаи газ дар ифодаи воҳиди андоза калимаи таноб ҳам хусусияти хос дорад. Ин калима дар забони зинда, хусусан дар забони куҳансолон, ҳоло ҳам дар истеъмол аст.

таноб - андозаи замин, ки дар шеваҳо ҳар хел маънидод карда мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо ним гектарро як таноб мегӯянд;
баъзе аз чор як қисми гектарро як таноб меҳисобанд. Дар "Туҳваи
аҳли Бухоро" калимаи мазкур ба маънои ченаки сатҳи замин истифода шудааст ва он ба чорьяки гектар баробар аст: Ба қадри дувист

пешина
аз 159
навбатӣ