Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

оташхона, гармхона, бутхона, машҳадхона, қозихона, раисхона, қорихона, вазоратхона, миршабхона, бандихона, дарсхона ва ғ.

ҚӮРХОНА — аслан қӯр лафзи туркист, дар "Ғиёс-ул-луғот" чунин шарҳ дода шудааст: қӯрхона — дар туркӣ силоҳи оҳанро гӯянд, хонае, ки дар он ҷо оҳанро гудозанд9. Дар матн ба маънии силоҳхона омадааст: Адади аскари пиёда ва савора, қӯрхона ва ҷабахонаро доро буд (с. 183);

ҷабахона — ҷоҳе, ки дар он одамони гунаҳкорро меандохтанд.

КӮШКХОНА — посбонхона, ки дорои посбонҳои пиёда ва савора аст. Дар "Ғиёс-ул-луғот" ба маънои қаср ва айвон, чаро ки муҳаффафи кӯшк бошад ва ба касри аввалу соний дар туркӣ ба маънои посбонӣ омадааст10: савораҳои кӯшкхонаи атрофи шоҳ ҳам ҳама аз тарс мутафарриқ мешаванд (с. 298).

машҳадхона — худи калимаи машҳад дар "Ғиёс-ул-луғот" ҷои ҳозир шудан ва шаҳодатгоҳ ва қабристони шаҳидон ва номи шаҳре дар Эрон, ки ба замони қадим онро Тӯс мегуфтанд... шарҳ ёфтааст11.

Нависанда ин калимаро ба маънои ҷои ҷамъомад истифода бурдааст.

  1. Гурӯҳи дигари калимаҳои таърихӣ ифодакунандаи касбу кори одамон, муносибатҳои тиҷоратӣ ва истеҳсолиро дарбар мегиранд. Ба ин гурӯҳ калимаҳои сарроф, заввор, баққол, баззоз, қочқчӣ, машкоб, тиҷоратхона, савдохона ва монандӣ инҳо дохил мешаванд.

  2. Дар асар калимаҳои архаистии ифодакунандаи вазн, андоза ва ченак бисёр истифода шудаанд. Пеш аз революция дар забони тоҷикӣ барои ифодаи ченак, вазн ва андоза калимаҳои махсус истеъмол мешуданд, бо тақозои шароити давру замонҳои гузашта дар замон як гурӯҳи муайянро ташкил карда буданд. Вале баъзе аз ин калимаҳои ифодакунандаи воҳиди миқьёси ченак ва андоза дар маҳалҳо ҳар хел фаҳмида мешуд.

Ба ин гурӯҳ калимаҳои газ, таноб, фарсах, чариб, олчин, мисқол, орғин, зар ва монандӣ инҳо дохил мешаванд. Ғайр аз ин калимаҳо то солҳои 20-30-ум дар забон истеъмол мешуданд. Дар баъзе шеваҳо, дар байни калонсолон як қисм аз ин калимаҳо ҳоло ҳам истифода мешаванд, лекин аксари онҳо аз истеъмол баромадаанд. Баъзе аз ин калимаҳо дар таркиби ибораҳои фразеологӣ ва зарбулмасалу мақолҳо боқӣ мондаанд.

пешина
аз 159
навбатӣ