Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

генерал-губернатор-(генерал губернатур), пристав-(пристуф), полковник-(пулковник), командир-(командир), комиссар-(комиссар), дума, суд-(суд), агент ва ғайра.

  1. Калимаҳое, ки ба корҳои тиҷорат, корхонаҳо ва муассисаҳои молия алоқаманданд: биржа-(бирҷа), багаж-(бағоҷ), аванс, банк-(бонк), склад-(склад), фабрикант-(фабрикант), комиссионный-(комиссионер), кампания-(компания), транзит-(транзит), фирма, порт-(порт), контора-(контора), квитанция-(квитанция), артель, процент-(фоиз), подвоз-(подвоз) ва ғайра.

  2. Калимаҳое, ки ба саноат, нақлиёт ва алоқа тааллуқ доранд: автомобиль-(автомобил), конка-(конка), коляска-(коляска), вагон-(вагон), пароход-(пароход), лодка-(лодка), трамвай-(трамвай), депо-(депо), станция-(стансия), машина-(мошин), завод-(завод), шоссе-(шоссе), телефон-(телефон), кондуктор-(кондуктор), номер-(рақам) ва ғайра.

  3. Гурӯҳи калимаҳое, ки предметҳои барои зиндагӣ ва хоҷагӣ лозим бударо ифода мекунанд: стакан (истакон), шапка-(шапка), стул-(стул), самовар, печ, лампа, галош-(калуш), пальто-(палто), одеяло-(адиёл), фанер-(фанер), электрик-(электрик), портсигар-(портсигор), бочка-(бочка), резинка ва монандӣ инҳо.

  4. Калимаҳое, ки номҳои воҳидҳои пул, ченак, андоза ва вақту замонро ифода менамоянд. Дар асар на фақат калимаҳои русӣ, инчунин калимаҳои русӣ-интернационалӣ низ дида мешаванд. Вақте ки Мирзосироҷ ба шаҳрҳои Германия, Париж, Ҳиндустон сафар мекунад, бо воҳидҳои луғавии марка, франк, рупия, лира ва ғайра шинос мегардад ва онҳоро вобаста бо тасвири воқеият дар асар истеъмол менамояд. Аз ин ҷост, ки истеъмоли калимаҳои рупия, марка, франк, лира, монета, копеек, миллион, десятин, минут, сутки ва ғайра дар асари ӯ мушоҳида мешавад.

  5. Гурӯҳи калимаҳое, ки ба ҳаёти маданӣю маишӣ алоқаманд мебошанд: клуб (қулֻб), телеграф (телеғроф), грамафон (гремафӯн), театр (теотр), цирк (сирқ), биллиард (биллиёрд), маскарат (маскарот), музыка (музук), газет, зал (зол), парк (порк), пакет (покет), музей (муза) ва монандӣ инҳо.

  6. Калимаҳои ифодакунандаи мафҳумҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ: революция (ревалусия), партия (портия), парат, политика (политика), парламент (парламен), дума ва ғайра.

пешина
аз 159
навбатӣ