Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Дар асар калимаҳо ба назар мерасанд, ки мафҳумҳои соҳаҳои гуногуни ҳаётро ифода мекунанд. Ин калимаҳо вобаста ба рафти тасвири воқеаҳои асар аз рӯи зарурат ва бо тақозои услуб истифода шудаанд: боржом-(борҷум), нефть-(нафт), доктор-(духтур), фельдшер-(фелшер), копия-(кӯпия), рапорт-(рапурт), план-(плон), адрес, фамилия-(фомилия), диплом-(диплӯм), счёт-(асчӯт), класс-(клос), программа-(пуругром), река, роман-(рӯмон), пакет ва ғайра.

Ҳаминро гуфтан лозим аст, ки нависанда дар истеъмоли калима ва ибораҳои русӣ-интернационалӣ як роҳи аҷиберо пеш гирифтааст. Ин роҳ барои он ҷолиби диққат аст, ки дар дуруст ва аниқ фаҳмидани маънои калима ба хонанда ёрӣ мерасонад. Мирзосироҷ баробари истеъмоли калимаи русӣ, бо калимаи тоҷикӣ (гарчанде баъзе аз он калимаҳо маънои калимаи русиро айнан ифода намекунанд, шарҳу эзоҳи онро медиҳад, ки хонанда маънои калимаи русиро дуруст фаҳмад. Ин тарзи шарҳдиҳӣ дар он давра хеле аҳамиятнок буд. Бо ин роҳ нависанда роли тарҷумониро низ адо кардааст. Дар асар 40-45% калимаҳои русӣ бо ин роҳ ба забони тоҷикӣ шарҳу эзоҳ ёфтаанд: давраи таҳсили он ҷо ҳам ҳашт сол аст, ки аввал мактаби ибтидоии дараҷаи аввалу дуввумро тамом намуда, имтиҳон дода, диплӯм (шаҳодатнома) гирифта, баъд дохили дорулфунун мешаванд (с.77). Ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе рӯзи парет (яъне маъвои машқи сарбозу савор аст (с.74). Дар истансии (истгоҳи) бузург аз ду минут то панҷ минут (дақиқа) тавакқуф менамуд (с.59). Ин меҳмонхона чандин сад нумра, яъне хонаи кироя дошт (с.65). Як рӯз бандаро приступ, яъне ҳокими он ҷо пеши худ бурд (с.65). Ба қадри панҷоҳ нафар матрос, яъне аскари баҳрӣ дошт (с.336). Бирҷаи (савдохона) бисёр мӯътабар дорад, ки ҳар рӯз миллионҳо доду ситод мешавад. (с.104).

Нависанда барои ифодаи мафҳум ва моҳияти чизҳо, калимаҳои русӣ-интернационалиро айнан кор фармуда, кӯшиш кардааст, ки айни як маъноро бо шаклҳои гуногун ифода намояд. Дар мисолҳои боло дар шакли аввал калимаи русӣ ва баъд калимаи тоҷикиро мушоҳида мекунем. Ёдъан баръакси ин аввал истеъмоли калимаи тоҷикӣ, баъд аз он шарҳи вай бо калимаи русӣ низ дучор мешавад, ки ин низ яке аз роҳҳои дуруст ва аниқ фаҳмондани маънои калима мебошад. Мисолҳо:

Здасати боғ чиҳиЛ ҷариб бештар аст, яъне даҳ десатин мешавад

пешина
аз 159
навбатӣ