Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

раста ва бозори шаҳр аз касрати чароғи электрик мисли рӯз равшан буд (с. 30). Дайпаи чароғи барқ, мошини хайётӣ (дӯзандагӣ), сӯзан ва қаламтароши фарангӣ лозим дорем (с.91).
Дасту пои ҳам аро бо печи оҳанӣ ӯлчак мекунанд (с.153). Ҳоло ҳам фонуси наҳй ва катони алафӣ дар Кобул бо мошини дастӣ мебофанд (с.171). Банда он рӯз ки аз чандин хиёбон бо вагони электрик мегузаштам, ки тӯли ҳар як аз як фарсахӣ илова буд (с.7?).

Ин гуна ибораҳо дар асар хеле зиёд кор фармуда шудаанд:
оташи револсионӣ (с.254), бонкҳои хушсармоя (с.268), фирмаҳои босарват (с.268), пальтои мовути сурмагӣ (с.51), коласкаи дуасба, контурони амонаткор, растаи коласкагард, қувваи электрик, мошини соудкунанда (лифт), дастаи музукон ва ғайра.

Хизмати дигари нависанда он аст, ки вай аз калимаҳои русӣ-интернационалӣ ба воситаи суффикси калимасозии -чӣ калимаҳои нав сохтааст. Бо ҳамроҳ карда шудани суффикси “-чӣ” калимаҳои русӣ-интернационалӣ маънои нав гирифта, бештар касбу ҳунарро ифода кардаанд: ӯро ҳар қадар гуфтам, тӯи коласка нишинад, қабул накарда чилави мо паҳлӯи коласкачӣ нишаст (с.49).
автомубилчӣ мошинро бо суръати тез ҳаракат мекунонд (с.288).

Калимаҳои русӣ-интернационалӣ, ки суффикси ҷамъбандии тоҷикиро қабул кардаанд, дар асар миқдоран зиёд нестанд: Китобҳои илмӣ ва рӯмонҳои хуб аз Фарансия тарҷума шудагиро ҳама вақт мехонад (с.294). Агентии тамоми контурони шарокати пароход ва ҳамлу нақлӣ дар бандари Ҷуз ҳастанд (с.241).

Дар “Туҳафи аҳли Бухоро” гурӯҳи калимаҳои мураккабро мушоҳида мекунем, ки ҷузъи якуми онҳо калимаи русӣ-интернационалӣ ва ҷузъи дигарашон калимаи тоҷикӣ мебошад: Тамоми онро мисли ҷаҳдаҳои шаҳрҳои Русия хиёбонбандӣ ва пӯсекорӣ кардаанд (с.168). Дар миёни миллат ҳам нифоқу партиябозӣ сар шуд (с.
297). Дар он ҷо дӯкони лимӯнотфурӯшӣ ва оби маҳданфурӯшӣ ҳам буд (с.39).

Хусусияти дигари забони асар дар боби истеъмоли калимаҳои русӣ-интернационалӣ аз он иборат аст, ки нависанда бо тақозои тасвир дар ҷумла баъзан аввал шакли арабӣ ва тоҷикии
калимаи русиро кор мефармояд, сипас барои равшан шудани матлаб шакли асосии калимаи иқтибосиро. Дар ин гуна намудҳо ин
калимаҳо ба сифати вариантҳои фонетикӣ намоён мешаванд ва

пешина
аз 159
навбатӣ