Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
(с.16). Мошин ва ҳаллоҷии пумбакашӣ (зовуд) ҳам дар Фарғона бисёр аст (с.5). Ҳукумати кул, яъне «ченерол губернатүр»-и Туркистон ҳам дар он ҷо мебошад (с.10) Банда аз Хӯқанд баъд аз саҳар савори таран гардида, субҳ вориди истгоҳ, яъне вагзоли Тошканд шудам (с.9). Як шаб дар ботум дар як ҳӯтали (ҳотел) бисёр хуби он ҷо монда, фардои он тазкираи (паспӯрт) худро ба қӯнсули усмонӣ ва раиси тазкираи рус имзо намуда, бо параход равонаи Исломбул гардидам (с.37).
Кор фармудани калима ва ибораҳои ҳаллоҷии пумбакашӣ (зовуди пумбакашӣ), ҷаъбаи садо (грамофон), чароғи барқ (электрик), лаипаи чароғи барқ (лампочкаи электрикӣ), шаҳри сиёҳ (черный город), киштии боркаш (баржа), тин (копеек), контурони амонаткор (камиссионер) боғи вуҳуш (зоопарк) ва монандӣ инҳо ҳамчун тарҷумаи озод, яъне калка воқеъ шудаанд.
Шакли дигари истеъмоли калимаҳои русӣ ба сурати нимкалька, дар тарҷума барои ифодаи маъно бо роҳи нигоҳ доштани калимаи иқтибосӣ ба он аз забони тоҷикӣ калимае илова карда намешавад. воқеъ шудааст: музей-музейхона, консул-қӯнсулгарӣ, шоссе-шусакорӣ, консул-қӯнсулхона, мошин-мошинхона:
Дар хиёбони наздики қӯнсулгарӣ баромада пиёда шудам (с.45). Аз он ҷо пиёда дохили қӯнсулхона шуда, бо ноиби қӯнсулгарӣ мулоқот намуда изҳори матлаб кардам (с.46). Мошинхонаи пумбакашӣ дар шаҳру деҳоти он бисёр аст (с.285).
Нависанда аз шакли калимаи русӣ бо роҳи калка дар забони тоҷикӣ калимаҳои нав сохтааст: қӯнсулгарӣ (посольство), фойтунчӣ, магазинчӣ, мошинхона ва райра.
Хизмати дигари Мирзосироҷ, дар бой кардани таркиби луғавии забони адабии ибтидои асри XX аз ҳисоби калимаҳои иқтибосӣ дар он аст, ки вай ба воситаи калка як қатор калима ва ибораҳои нав сохта, дар бобати такмили таркиби луғавии забон басо муваффақиятҳо ба даст овардааст.
Муаллиф калимаҳои русӣ-интернационалиро ба қонунҳои сохти грамматикии забони тоҷикӣ мувофиқ намуда, бо роҳи истифодаи воситаҳои синтаксисии забони тоҷикӣ, хусусан бандаки изофӣ, аз онҳо ибораҳои алоҳида сохтааст. Дар ин мавриди калимаҳои русӣ ҳам монанди ҷузъи тобеъшаванда ва ҳам мисли ҷузъи тобеъкунанда воқеъ гаштаанд. Ҳодисаҳое, ҳам ҳастанд, ки ҳар ду ҷузъ аз калимаҳои русӣ-интернационалӣ иборат шудаанд: тамони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё