Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

(с. 64) (яъне ҳар як мисоли қаср аст). Дар забони арабӣ калимаи муртакиб дучор мешавад. Ин калима дар забони "Туҳафи аҳли Бухоро" ба маънои гуноҳкунанда ва гунаҳкор кор фармуда шудааст. Дар "Риёс-ул-луғот" низ ба маънои "шурӯъкунанда, баамаловаранда ва гуноҳкунанда"33 шарҳ ёфтааст: Муртакибро он рӯз тамоман дастгир намуда, дар манзили коргузор ҳабс намуданд (с. 129).

Дар асари мазкур ғайр аз калимаҳои китобӣ феълҳои таркибӣ низ бисёр истеъмол шудаанд, ки ҷузъи номии он ҳамин гуна калимаҳои китобӣ иборатанд: насб намудан, садама дидан, мақруз будан, гӯй сабкат рабудан, масрур шудан, мутафарриқ шудан, убур кардан, балад шудан, мамлуъ будан, воҷиб донистан ва ғайра. Маънои калимаҳои садама, насб дар "Риёс-ул-луғот" ба тариқи зайл шарҳ дода шудааст: насб "барпо кардан"-ро, нишонданро гӯянд", садама як навбат кӯфтани ду чиз бо ҳам ва осеб расонидан"35.

Ин калимаҳо дар луғати тоҷикӣ-русӣ36 ва русӣ-тоҷикӣ37 низ ба ҳамин маъно шарҳ ёфтаанд. Чӣ тавре ки мебинем, истеъмоли чунин калимаву ибораю феълҳои таркибӣ дар асар ба маънои дар луғатҳо ифодагашта ва маъмулию ҷорӣ дар забон пурра мувофиқат мекунад. Масалан, фонусҳои чароғи барқи лоадад дар дару девор ва ду тарафи роҳ насб намуда буданд (с. 82). Чун дар роҳ бисёр садама дида буданд, ба қадри се соат дар ҳаммом таваққуф намудам (с. 125). Мисолҳои дигар: ...дар ҳама кору санъату ҳунар - гӯй сабкат аз ҳамгинон рабуда, аз дигарон ҳунари худро гузарониданд (с. 84). Аз мулоқоти онон масрур шуда он рӯзу он шаб дар Чорҷӯй таваққуф намудам (с. 192). Солҳои сол салотини боиқтидори Эрон дар ин шаҳр алами салтанат афрошта аз ин сарзамин хуруҷ карда оламгир шуданд (с. 149). Суфра густурда буд (с. 139).

Ба ҳамин тариқ, калима ва таркибҳои ибораҳои адабию китобӣ, аз як ҷиҳат, барои таъмини услуби китобии мунтақани асар хизмат карда бошанд, аз тарафи дигар, бо ин хусусияти хоси услубии худ назар ба лексикаи муқаррарии забон дар афзудани қувваи таъсирнокии сухан ҳамчун воситаҳои беҳтарини забони адабӣ иштирок кардаанд.

КАЛИМАҲОИ АРАБӢ ДАР АСАР

Ба забони тоҷикӣ дохил шудани калимаҳои арабӣ таърихи дуру дароз дорад. Як гурӯҳи калони онҳо дар забони адабии имрӯза

пешина
аз 159
навбатӣ