Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
мавқеи муносиб ёфтаанд. Аз ин рӯ, асаре нест, ки дар он калимаҳои арабӣ истеъмол нашуда бошад. Ин шаҳодат бар он аст, ки як қисми зиёди лексикаи иқтибосии арабӣ дар қатори лексикаи аслан тоҷикӣ дар таркиби луғавии забон аз худ шуда рафтааст ва имрӯз мо дар бораи аслан арабӣ будани ин қисми лексика фақат дар асҳорҳои илмии забоншиносӣ таваққуф мекунем. Вале ҳаминро ҳам қайд кардан даркор аст, ки то ибтидои асри XX калимаҳои арабӣ дар асарҳои назмӣ ва насрии нависандагон ва шоирони тоҷик миқдоран хеле зиёд истеъмол мешуданд.
Дар забони "Туҳафи аҳли Бухоро" се гурӯҳи калима ва иборатҳои арабиро мушоҳида мекунем. Як гурӯҳ калимаҳои арабие ҳастанд, ки онҳо ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ аз давраҳои қадим дохил шуда, дар асарҳои нависандагони тореволюсионӣ ва пасазреволюсионӣ низ истеъмол шудаанд. Ин калимаҳо барои истеъмолкунандагон фаҳмо ва маъқул мебошанд.
Ба ин гурӯҳ калимаҳои муаллим, мулло, мударрис, сонӣ, баъд, мулк, тараф, мактаб, сир, асрор, уламо, ашҷор, илӣ, авлод, ислом, масҷид, аъзо, шоир ва монандӣ инҳо дохил мешаванд.
Гурӯҳи дигари калимаҳои арабӣ, ки онҳо барои гуфтугӯкунандагони тоҷикзабон на он қадар фаҳмоанд. Аз ин рӯ, ин калимаҳо дар истеъмоли гурӯҳи одамони муайян дида мешаванд: масалан, рибо, таназзул, чароид, ҳаводис, атфол, маҳориҷ, иқомат, тоҷир, туҷҷор, ашкол, интиқол, шофӣ, қофӣ, авроқ ва ғайра.
Аксари ин калимаҳо дар насри забони адабии ҳозираи тоҷик баробар кор фармуда намешаванд. Калима ва иборатҳои арабӣ аз ин ҳар ду гурӯҳ на танҳо дар нутқи муаллиф, балки баъзан дар нутқи персонажҳо ҳам истифода шудаанд.
Ғайр аз ин ду гурӯҳи калимаҳои арабӣ дар забони "Туҳафи аҳли Бухоро" гурӯҳи дигари калимаҳои арабӣ дучор мешавад, ки барои тоҷикзабонони савияи донишашон миёна тамоман бегона буда, гуфтан мумкин аст, ки ҳеҷ яке аз онҳо ба маъно ва мазмуни ин қабил калимаҳо бе ёрии воситаҳои ёрирасон сарфаҳм намемеравад. Ин қабил калимаҳо дар таркиби асар миқдори ночизро ташкил мекунанд: мафлук (бадбахт), муҷоҳидин (ҷаҳдкунандагон), таҷҷасус (ҷустуҷӯ кардан), аҳаде (касе), мутахаххис (намоён), таАССИ (пайравӣ), лаҳву лаъб (бозӣ, беҳудагӣ), наслуб (ба дор овехташуда), танкия (тоза), тахаввӯ(дилбеҳузурӣ), таламмуз (шогирдӣ, дарсхонӣ), мустахдан (хизматкунанда), мучтаҳид (кӯманда),

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё