Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

аҳамми(чизи муҳимтар — заруртар) ва монандӣ инҳо.

Калима ва ибораҳои арабии ин гурӯҳ дар забони адабии ҳозираи тоҷик низ қариб истеъмол намешаванд. Калимаҳои мазкур пеш аз революсия дар давраи муайяни таърихӣ истеъмол гардида, ҳоло аз истеъмоли умум баромадаанд.

Дар таркиби забони асар як қатор калимаҳои арабие ҳастанд, ки онҳо ба воситаи суффиксҳои серистеъмоли ҷамъбандии арабӣ сохта шудаанд: муаллимин, муҷоҳидин, мустаҳфизин, қитъаот, мураккабот, мукотибот, маҷозот, сафаҳот ва монандӣ инҳо.

Хулоса, Мирзосироҷи Ҳаким дар «Туҳафи аҳли Бухоро» калима ва ибораҳои арабиро бо маъно ва тобишҳои маъноҳои хоси онҳо вобаста ба мазмуни матн мувофиқи тасвири шароити зиндагӣ, давраи таърихӣ кор фармудааст. Нависанда кӯшиш кардааст лексикаи арабиро аз рӯи принципи ба хонанда фаҳмо буданашон кор фармояд. Аз ин рӯ, калимаҳои арабӣ барои омма фаҳмо назар ба калимаҳои арабии мушкилфаҳм дар таркиби асар миқдоран хеле зиёданд, ин калимаҳо дар рафти тасвири ҳодисаю воқеаҳо вазифаҳои хоси лексикӣ-грамматикии худро зоҳир менамоянд ва дар матни асар аҳамияти услубӣ касб карда барои кушода додани моҳияти масъалаҳо хизмат кардаанд. Бо вуҷуди ин Мирзосироҷ назар ба ҳамзамононаш калима ва ибораҳои арабӣ, хусусан барои хонанда душворфаҳмро камтар истеъмол намудааст. Ин аст, ки забони асари ӯ хеле содда ва барои хонандагон фаҳмотар воқеъ шудааст.

ЗАРБУЛМАСАЛ ВА МАҚОЛҲО ДАР ЗАБОНИ АСАР

Истеъмоли зарбулмасал ва мақолҳо дар забони асарҳои назмию насрӣ ҳодисаи нав нест, балки суннати дерини адабиёти бадеӣ аст. Инро мо дар мисоли асарҳои адабиёти классикӣ басе равшан мушоҳида мекунем. Вале дар насри пасазреволютсионӣ аввалин шахсе, ки дар асарҳои худ зарбулмасалҳои халқро кор фармудааст, устоди насри советии тоҷик С. Айнӣ мебошад 38.

Насри пешазреволюционӣ дар истифодаи зарбулмасалу мақолҳои халқӣ, аз чанд ҷиҳат маҳдудиятҳо дошт. Дар насри классикӣ ба дараҷаи кофӣ истифода нашудани “ин ганчинаи бебаҳо”, аз як тараф, дар забони адабӣ ҳукмфарно будани услуби дувворнависӣ ва иборасозиҳои печ дар печ бошад, аз тарафи дигар, забони адабӣ ниҳоятдараҷа аз забони зинда дур буд. Сониян, дар ин масъала

пешина
аз 159
навбатӣ