Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
аз рӯи имкониятҳои насри реалистӣ, ки дар адабиёти тоҷик фақат баъд аз революция ба вуҷуд омад, сухан рондан лозим мешавад. Мо бо ин гуфтанӣ нестем, ки дар насри адабиёти классикӣ зарбулмасалу мақолҳо истифода нашуда бошанд, онҳо истеъмол шудаанд, аммо на ба як дараҷа ва поя. Масалан, бисёр фаслҳои асарҳои насрии Саъдии Шерозӣ тамоман аз зарбулмасалу мақол ва панду ҳикматҳо иборатанд.
Дар "Туҳафи аҳли Бухоро" зарбулмасал ва мақолҳо миқдори зиёдро ташкил намекунанд. Ҳамагӣ 14 зарбулмасал кор фармуда шуда, аз он 1-тоаш узбекӣ мебошад.
Зарбулмасал ва мақолҳои дар асар истифода шуда аз ҷиҳати мазмун ва мундариҷа гуногун мебошанд. Як қисми онҳо дар осори адабиёти классикӣ ва асарҳои ибтидои асри XX дучор шаванд, қисми дигарашон нав мебошанд.
Нависанда бо мақсади образнок ва пурмазмуну бадеӣ гардонидани тасвири воқеаю ҳодисаҳои баёнкардааш зарбулмасалҳоеро истифода намудааст, ки онҳо аз воситаҳои муҳими ба тарзи конкрет ва ихчам ифодакунандаи ҳаёт ва шароит иборат гардида, забони асарро содда ва ба забони халқ наздик гардонидаанд. Чирзосироҷ дар истеъмоли зарбулмасал ва мақолҳо чунин роҳро интихоб намудааст: аввалан воқеаро пурра шарҳу эзоҳ дода дар охир хулоса мебарорад, пас зарбулмасалро меоварад, ки ба матни боло алоқаманд аст. Чунончи, зарбулмасали "ҳалвои тана наной, то нахӯрӣ надонӣ" (с.140) дар мавриди зерин кор фармуда шудааст. Муаллиф аввал шаҳрҳои Францияро батафсил тасвир карда, кӯча, бор, музеӣ, мактаб, маданият ва зисту зиндагонии одамонро нишон медиҳад ва дар охир ин зарбулмасалро меоварад, ки то шахс рафта бо чашми худ Францияро набинад, ба гуфтаҳои ман бовар намекунад, яъне "то ҳалворо нахӯрӣ, маззаашро надонӣ". Ин зарбулмасал дар осори Аҳмади Дониш варианти дигар дорад, вале аз ҷиҳати маҳно қариб баробар аст: "ҳалвои бодиёнӣ, то нахӯрӣ надонӣ" (А.Дониш, "Наводир-ул-вақоеъ", с. 375).
Масали "ҳамнишинат беҳ бувад, то ту аз ӯ беҳтар шавӣ" (с. 217), бо зарбулмасали "бо моҳ шинӣ моҳ шавӣ, бо дег шинӣ, сиёҳ шавӣ" беробармаъност. Нависанда одамони шаҳри Гӯклонро хеле таъриф мекунад, дар охир айберо, ки мардуми он ҷо доранд, танбалӣ ва кашидани тарйёк меҳисобад. Ин одати зиштро онҳо аз аҳолии танбали ғаҷҳувард ва Хуросон, ки ҳамсояи онҳоанд, омӯхтаанд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё