Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

гӯён зарбулмасали болоиро истифода кардааст.

Дар асар баъзе мақол ва зарбулмасалҳо истифода шудаанд, ки ақидаи иҷтимоӣ ва муносибати синфҳои ҳукмронро ифода мекунанд. Нависанда дар мақоли "боз ҳамон ош асту коса" (с.227) соҳибмансабони намакҳароми Осиёи Миёнаро ба зери танқид гирифта, чунин хулоса мебарорад, ки онҳо ҳар сол миқдори зиёди маблағи куллии давлатро талаф медиҳанд, аммо дар ободии шаҳру деҳот намекӯшанд.

Мақоли "каллаи бад ба риши соҳиб" (с.234) мазмуни баландро дорост. Нависанда ба воситаи ин мақол нишон медиҳад, ки айб ба ватан нест, айб ба фарзандони ӯст. Чо қадри ватани азизи худро надониста, ба ободӣ ва ислоҳи он намекӯшем. Ватани мо бад бошад ҳам, ватан аст. Қош мо ҳам андак тарбият ёфта, аз фалоқат халос мегардидем.

Мақоли "хона аз пойбанд вайрон аст" (c.234) дар танқиди замона оварда шудааст, ки он ба масали "об аз сар лой" ҳаммаъно аст. Муаллиф афсӯс мехӯрад, ки мо мардуми Бухоро аз эрониҳо ҳадтар танбал ва беҳиммат ҳастем, ҳама вақт интизорӣ мекашем, ки як шахси дигаре омада роҳи моро дуруст бикунад, ба мо роҳи оҳан кашида диҳад. Афсӯс, ки хоби марг бурда, абадан дар фикри ободӣ ва зиндагӣ нестем — "хона аз пойбанд вайрон аст". Нависанда дар ин ҷо аз номи умум баромад карда, дар зери ин масал тартиботи ҷории ҳукуматдорон ва соҳибмансабони Бухороро дар назар дорад.

Мақоли мазкур дар асари устод Айнӣ «Марги судхӯр» низ айнан дар ҳамин фарз истифода шудааст, ки бо ҳаҷви тезу тунд моҳияти контрреволюционии умеду орзуҳои судхӯрро фош карда партофтааст.

Мирзосироҷ кӯшиш кардааст, ки ҳар як мақолу зарбулмасали истифодакардааш ба мазмуни воқеаи баёнкарда мувофиқати пурра намояд. Маҳорати нависанда ҳам дар он аст, ки ӯ зарбулмасал ва мақоли истифода кардаашро дар мавқеи муносиб кор фармуда тавонистааст.

Агар нависанда ҳар як мақолу масалро дар ҷои талабкардаи матн истифода карда тавонад, бешубҳа асари ӯ соҳиби обу ранги бадии мешавад ва пурқувват баровардани мазмуни асар таъмин мегардад. Нависанда дар зери масали "некии бадӣ ҳеҷ зи хотир наравад" (с.160) рафоқати намояндагони ду миллат: тоҷику арманро

пешина
аз 159
навбатӣ