Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
нишон медиҳад. Вақте ки роҳзанон пулу чизи мирзосироҷро бо зӯрӣ кашида мегиранд, ба ӯ арманиҳо ёрдами иқтисодӣ намерасонанд. Онҳо пул ҷамъ карда ба мирзосироҷ медиҳанд. Аз ҳамин ҷиҳат ин масал дар мавқеи муносиби худ истифода шудааст: ҳанӯз ҳам мамнуни дӯстӣ ва ҷавонмардии онҳо ҳастам, ки гуфтаанд: "Некии бадӣ ҳеҷ зи хотир наравад" (с.160).
Дар бобати дӯстӣ боз чунин панд оварда шудааст:
Мард чун синохт магзро зи пӯст,
Ҳар чӣ бингарад нест ғайри дӯст (с.311).
Дар асар ду масале дучор омад, ки он аз эҷодиёти даҳонии халқи Эрон гирифта шудааст. Сабаби ба асар дохил шудани масалҳои мазкур ба сафари нависанда вобастааст.
Масали "Риндӣ исфаҳонӣ аст, ҳушёр бош" (с.258), дар ҳаққи мардуми исфаҳон гуфта шудааст, ки онҳо мардуми зирак ва ботарбият мебошанд, ба ҳама кор ақлашон мерасад. Ғайр аз ин онҳо дар вақти савдою муомила хеле устокорона рафтор мекунанд, одамони дигар аз муомилаи онҳо метарсанд, ки мабодо фириб надиҳанд, бинобар он мегӯянд, ки "банда исфаҳонӣ аст, ҳушёр бош". Масали дигар аҳамияти тарбиявӣ дорад. Шахсеро нафаҳмида ё ноозмуда чизе нагӯй, ки боиси ранҷиши ӯ мегардад. "Аввал бисанҷ, пас ҳарф бизан" (с.238).
ПАНДУ ҲИКМАТҲО ДАР АСАР
Нависандагон ва шоирони гузаштаамон дар асарҳои худ шоҳкисраъ ва шоҳбайтҳое офарида ба хонандагон пешкаш намудаанд, ки аз ҷиҳати вазифа ва мазмун ба зарбулмасалҳои халқӣ баробар шуда метавонанд. Адабиёти классикӣ манбаи чунин панду ҳикматҳост.
Нависанда дар рафти офаридани асар, аз як тараф, ба зарбулмасал ва мақолҳои халқӣ эътибор диҳад, аз тарафи дигар, дар баёни ин ё он ҳодисаю воқеа ва ё тасдиқи фикр ба панду ҳикматҳои гузаштагон такя намуда, аз онҳо иқтибосҳои зиёде меоварад, ки дар натиҷа асари эҷодкардааш обуранги бадеии халқӣ мегирад. Дар забони «Туҳафи аҳли Бухоро» панду ҳикматҳои иқтибосӣ ҷои намоёнро ишғол менамоянд. Панду ҳикматҳои иқтибосӣ забони асарро содда ва зарофатнок кардаанд.
Панду ҳикмат бештар дар сухани тасвирии муаллиф дучор мешавад. Танҳо дар мавриде аз забони персонаж дар нутқи диалогӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё