Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
истифода шудааст.
Чунончи, вақте ки роҳзанони Астаробод тамоми пулу чизи Мирзосироҷро бо зӯрӣ кашида мегиранд, арманиҳои савдогари он ҷо анҷуман карда, шаст манот ҷамъ намуда ба ӯ доданӣ мешаванд:
– Банда гуфтам: барои чӣ?
– Гуфт: маҳзи навъпарастӣ...
– Гуфтам: ман мусулмон, шумо арманӣ, чӣ гуна мешавад, шумо дастгирӣ аз мусулмонон бикунед?
– Гуфт: магар шумо Саъдиро нахондаед, ки дар китобаш мегӯяд:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як ҷавҳранд.
Чӣ узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ту к-аз ғуссаи дигарон беғамӣ,
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.
Банда аз он тағриб то кунун аз онҳо миннатдорам (с. 242-243).
Нависанда ба воситаи ин панди Саъдии бузург ба хонандагон нишон додааст, ки одамон бояд бо ҳам рафиқ ва дӯст бошанд, дар рӯзи сахтӣ ба якдигар ёрӣ расонанд ва ғами якдигарро хӯранд. Нависанда бо панди мазкур ҳиссиёти ботинии персонажро кушода додааст.
Панду ҳикматҳои иқтибосии асар ба мавзӯъҳои гуногун алоқаманданд. Мисолҳо:
Мард он аст, ки ҳаросон нашавад,
Мушкиле нест, ки осон нашавад (с. 171).
ё ки,
Чу ганҷ аз сипоҳӣ бидорӣ дареғ,
Дареғ оядаш даст бурдан ба теғ (с. 235).
Ин гуна панду ҳикматҳо миқдори зиёдро ташкил мекунанд. Маҳорати нависанда ҳам дар он аст, ки вай онҳоро дар ҷой-ҷояш, ба воқеаю ҳодисаҳои тасвир вобаста намуда овардааст. Ҳамаи онҳо ба фикри баёншуда мувофиқат доранд. Умуман Мирзосироҷ аз панду ҳикматҳои гузаштагонамон дар асараш захираи бое ҷамъ кардааст.
Ғайр аз панду ҳикматҳои иқтибосӣ дар «Туҳафи аҳли Бухоро» афоризмҳоеро дучор мешавем, ки маҳсули эҷоди худи нависанда гуфтан мумкин аст. Муаллиф ба воситаи ҷумлаҳои аҳамияти тарбияви

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё