Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

доштааш ба эҳсосу идрок ва ҳисси ботинии хонанда дохил шуда тавонистааст.

Чунончи, "Мо илмро хор кардем, хор шудем" (с.277), ё ки "Ҳар даъвоеро як санадеву ҳуҷҷате боиси баён кардан лозим аст" (с.329).

Мирзосироҷ бо панди "Мо илмро хор кардем, хор шудем" бо ҳазор сӯзу гудоз ба одамон муроҷиат карда мегӯяд, ки чаро дар Бухоро монандӣ шаҳрҳои Аврупо мактабҳо, музейҳо, китобхонаҳо вуҷуд надоранд? Мардуми Аврупо илмро ҳурмат мекунанд, мо бошем, онро хор мекунем. Нависанда ба тамоми ҳукмрони Бухоро бо нафрат менигарад ва хислати одамбезорӣ ва илмбезории онҳоро кушода медиҳад: "Туфу бар ту эй чархи гардон, ки мо илмро хор кардем, хор шудем".

Муаллиф дар баъзе ҳолатҳо фикрҳои танқидиашро далерона изҳор мекунад. Аз чунин рафтори нотарсонаи ӯ хонанда дар ҳайрат меафтад. Дар он давру шароит ин тавр рӯйрост баромад кардани нависанда ҷуръате буд барои танқиди тартиботи мавҷудаи аморати Бухоро. Мирзосироҷ зулми ҳуккоми Ғаҷнувардров бар камбағалони он ҷо дида мегӯяд: "Зулми мардумиро ваҳшӣ мекунад. Натиҷаи зулми ваҳшӣ шудани халқ аст" (с.134). "Дар сафи тоат нишаста рӯи дил андар бутон, кофирӣ сад бор беҳ з-ин мусулмонӣ ҳанӯз" (с.148).

Ҳамин тавр зарбулмасалу мақолҳо, панду ҳикматҳои иқтибосӣ ва хоси нависанда дар асар ҳамчун воситаҳои муҳими ифоданокӣ ва образнокии нутқ истифода шудаанд. Ҳамаи ин воситаҳо барои зиёд кардани қувваи таъсири сухан, пуробуранг баромадани мазмун ва мундариҷа ва то ба дараҷае барои таъсирбахш ва содда шудани забони асар кӯмак расонидаанд.

ИБОРАҲОИ НАВИ АСАР

Дар забони адабии ибтидои асри ХХ ба забони адабӣ гурӯҳ-гурӯҳ дохил шудани калимаҳои русӣ-интернационалӣ ба забони адабӣ наздик шудани калимаҳои гуфтугӯии халқӣ як ҳодисаи нави бой гардидани таркиби луғавии забон ба ҳисоб мерафт. Албатта, калимаҳои русӣ-интернационалӣ, гуфтугӯии халқӣ дар асарҳои нависандагони ин давр дар яке зиёд дар дигаре камтар истифода шудаанд ва ин ба услубу тарзи баёни қаламкашон вобастагии қавӣ дорад.

Дар асари Мирзосироҷ ин гуна калимаҳо, аз як тараф, ҳамчун воҳидҳои нав истеъмол шуда бошанд, аз тарафи дигар, аз ин

пешина
аз 159
навбатӣ