Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

гуна воҳидҳои лексикии калима, таркиб ва ибораҳои нав сохта шудаанд. Истифодаи ин гуна воҳидҳои нави лексикӣ ва муштакӯти онҳоро дар асарҳои ҳамасрон ва нависандагони пешин ба он дараҷае, ки ҳаст, дучор намегардем. Масалан, калимаи мошин ҳамчун номи предмети нав дар асар хеле серистеъмол аст. Дар асар ин калима суффикси ҷамъбандии -ҳо-ро қабул карда ба табиати забони тоҷикӣ наздик шудааст. Ба замини ин аз ин калима бо иловаи хона калимаи мураккаби мошинхона сохта шудааст. Ба воситаи калимаи мошин чунин ибораҳоро дар асар дучор мекунем: мошинхонаи пумбакашӣ, мошини мусаъад, мошини суудкунанда, мошини тезгард ва ғайра: Чанд адад мошинҳои пумбакашӣ ва осиёи оташӣ ҳам дорад (с. 224). Ва ба тамоми иморатҳои фӯқони бо мошини мусаъад омад шуд мекунанд (с. 80). Бо мошини суудкунанда ба омадем (с. 70) Ибораи мошинхонаи пумбакаширо нависанда ба ҷои заводи пахта кор фармудааст, ки дар забони адабии имрӯза ин ибора маъмул аст.

Калимаи мусаъад арабӣ буда, дар ибораи мошини мусаъад маънои софкунанда, холискунанда, ё ки боло бардошташударо дорад, ки ба ҷои лифт кор фармуда шудааст. Дар ин ибора калимаи арабӣ ба ду маънии ҷудогона фаҳмида мешавад, бинобар он ибораи мазкур дар забон пойдор намондааст. Форсиён лифтро болобар мегӯянд.

Нависанда аз калимаи коляска, ки дар шакли коласка маънои фойтун, аробачаро медиҳад, ибораҳои коласкаи дуасба, коласкаи чорасба, коласкаи махсусро сохтааст. Бояд гуфт, ки калимаи фойтун ҳам дар асар серистеъмол мебошад. Мисолҳо: чандин коласкаи дуасба ва чорасба шабу рӯз ба дами дар ҳозир аст (с. 70). Чанд рӯз коласкаи махсуси эшонро савор шуда сайҳати шаҳрро мекардам (с. 79).

Аз калимаи электрик нависанда якчанд ибораҳо сохтааст, ки дар забони он давра нав ҳисобида намешуданд: вагони электрик, конкаи электрик, қувваи электрик, чароғи электрик: тамоми раста ва бозори шаҳр аз касрати чароғи электрик мисли рӯз равшан буд. (с. 185). Банда он рӯз, ки аз чандин хиёбон бо вагони электрик мегузаштам... (с. 72). Банда то ду соат сайру гашт намуда, бо конкаи электрик савора омадам ба ҳӯтал (с. 74).

Нависанда баъзан ба ҷои ибораи чароғи электрик ибораи чароғи барқро кор фармудааст. Ин ибораҳои нуодил барои ба такрор роҳ надодан кор фаррида шудаанд ва яке дигареро истисно намекунад:

пешина
аз 159
навбатӣ