Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
Он қадар чароғи электрик равшан буд, ки шаб аз рӯз фарқ надошт, дӯкону мағозаҳо аз равшании чароғи барқ тамошои аҷибе дошт (с.99).
Ибораҳои оташи революсионӣ, ҳаммоми нумрадор, рестаи коласкагард, одами қунсулгард, дастаи музикон, фабрикаи ҳарирбофӣ, сонкҳои хушсармоя, ғирмаҳои босарват, пальтои мовутӣ, дӯкони лимонадфурӯшӣ ва оби маъданфурӯшӣ (минеральная вода) дар забони тоҷикии ибтидои асри XX ибораҳои нав буда онҳоро нависанда бори аввал дар асараш истеъмол намудааст.
Як гурӯҳи ин ибораҳо дар забони адабии имрӯза ҳоло ҳам кор фармуда мешаванд: фабрикаи ҳарирбофӣ, пальтои мовутӣ, дӯкони лимонадфурӯшӣ, дастаи музикачиён. Хусусияти хоси ин ибораҳо дар он аст, ки аз калимаҳои иқтибосии русӣ-интернационалӣ сохта шудаанд ва ба қоидаҳои грамматикии забони тоҷикӣ тобеъ шуда бо роҳҳои хоси калимасозии забони тоҷикӣ, гуфтан мумкин аст, ки дар ҳамаи навъҳои он, калима ва ибораҳои нав сохтаанд: революционӣ, қунсулгарӣ (консульство), музикан, нумрадор, коласкагард, лимонадфурӯшӣ ва ғайра. Ибораи оби осмонӣ ҳам аз ҷумлаи ибораҳои нави нависанда мебошад, ки ба ҷои ибораи оби борон истеъмол шудааст: туркманони самти шимоли рӯдхонаи Гургон тамоми зироати хушки мекунанд, яъне заминашонро оби осмонӣ обёри мекунад. (с. ?19). Ибораи дӯкони оби маъданфурӯшӣ низ ибораи нави ибтидои асри XX аст. Дар забони адабии ин давр ибораи мазкур танҳо хоси услуби Мирзосироҷ буда, дар асарҳои нависандагони дигар дучор намешавад. Нависанда ба ҷои ибораи оби минералӣ ибораи оби маъданро кор фармудааст, ки мазмунан бо ибораи аввал баробар аст: дар он ҷо як дӯкони лимонадфурӯшӣ ва оби маъданфурӯшӣ ҳам буд (с.99).
Дар забони адабии имрӯза дорухонаро бештар аптека меноманд ва шакли аптека назар ба тоҷикиаш дар забони гуфтугӯӣ серистеъмолтар аст. Мирзосироҷ дар асараш бештар ба ҷои аптека калимаи дорухонаро истифода намуда, баъзан синоними он ибораи дӯкони давофурӯширо ҳам кор фармудааст, ки ибораи нав ба шумори меравад: чуке аз маҳбусини сияҳхонагии ҳолия дар Бухоро, дар лаби ҳавзи говкушон дӯкони давофӯрӯшӣ воз карда, табобат ҳам мекунад (с.165).
Нависанда ҳамчун калька ба ҷои калимаи зоопарк калимаи мураккаби ҳайвонотхонаро кор фармуда, дар баъзе мавридҳо онро бо ибораи боғи вуҳуш, ки қисми дуюмаш арабист, иваз намудааст: х

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё