Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ҳамонанд кардан ба Ҳаққ дар ҳама чиз матлуб бошад, такаббур низ барои инсон аз сифатҳои хубу нек хоҳад шуд ва хоксорию фурӯтанӣ аз ахлоқи бад хоҳад буд. Пас ба андешаи вай, ҳаққ он аст, ки нодорию камбағалӣ, ки аз сифатҳои одамон аст барои онҳо беҳтару бартар аст. Ҳеҷ кас ҳаққу имконот надорад дар сифатҳои Худой (раббубӣ) бо Офаридагор душманӣ варзад ва ё шарик бошад. Ғаззолӣ ҳамчун довар зикр месозад, ки усулан чунин далелҳо инсонро ба ҷое нахоҳанд бурд, зеро агар рафту гӯянд, ки бойгарӣ сифати Худо буда, хуб аст, сифати такаббур онро мешиканад. Агар рафту гӯянд, он тарс, умеду чашмдошт ва нодорӣ сифатҳои инсонҳо буда, шоистаи онҳо мебошанд, сифатҳои қаҳру бехабарӣ, ҷаҳлу ғафлат аз як тараф ва сифатҳои илму маърифат, аз тарафи дигар, ба радди он фатво медиҳанд. Зеро қаҳру бехабарӣ хосси инсонҳо буда, лекин дар онҳо фазилат нест ва илму маърифат аз сифатҳои Худо ба ҳисоб рафта, аммо барои инсонҳо имкон аст аз онҳо баҳра ва насиба баранд.
Ба ҳамин тариқ Ғаззолӣ фақру нодориро бар дороӣ бартар гузошта, таъкид месозад, ки дороиву мол дили инсонро маҳали унсу улфати ин дунё гардонида, ӯро гуломи онҳо месозад. Ҳар чӣ агар унс ба ин дунё бештар шавад, гурез аз охират афзунтар хоҳад шуд. Набояд инсон худро фирефтаи молу дороӣ кунад, зеро ишқи ниҳон ба мол монандӣ оташи зери хокистар аст ва агар шамоле ба он вазад шӯъла ҳатман аланга мегирад. Инҳоро зоҳид бояд донад, зеро «зоҳид он аст, ки дунё ҳалолу фарох ва поку бе заҳмат ба ӯ рӯ кунад ва ӯ ҳам битавонад аз он кам бигирад ва ин комёбӣ на барои ӯ бадноми биёварад ва на аз мақомаш ва дигар баҳраҳояш бикоҳад ва ӯ сирфан аз тарси унс гирифтан бад-он ва ширк варзидан дар маҳаббати Худованд, онро фурӯ ниҳад ва ё аз рӯи тамаъ дар подоши охират, ба дунё пушт кунад. Яъне дар ин дунё аз занон ва канизон кам нагирад, то ҳуррулайн насибаш шавад ва дар боғҳо нагардад, то дар бӯстони биҳишт тафарруҷ кунад ва аз хӯрокҳои лазиз парҳез кунад, то аз меваҳои биҳиштӣ бихӯрад ва ба ӯ нагӯянд, ки «изҳабтум тайиботикум фи ҳиётикуму-д-дунё». (сураи «Аҳқоф», ояти 20). «Шумо таматтуи худро дар дунё бурдед ва чизе барои он ҷаҳон боқӣ наниҳодед».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё