Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Ғаззолӣ дар баёни тариқи риёзат (ранҷ додан ба бадани худ) ба мақсади шикастани шаҳвати шикамхорагӣ низ андешаҳои худро баён сохта, чаҳор вазифаро ба таваҷҷӯҳи соликон пешниҳод месозад:
- Ҳалол хӯрдан.
- Ба андоза хӯрдан.
- Муайян сохтани фосилаи байни хӯрокҳо (ғизоҳо).
- Муайян сохтани ҷинси хӯрокиҳо.
Аз ин вазифаҳои баёншуда Ғаззолӣ, ба хусус ба банди дуввум таваққуф намуда, аз Саҳли Тустарӣ мисоле меорад, ки мувофиқи он ибодати Худованд ба се чиз эҳтиёҷ дорад: ҳаёт, ақл ва қувват. Ба қавли вай агар инсон аз ба охир расидани ҳаёт ва нотавониву беқувватӣ дар тарс бошад бояд хӯрад ва нӯшад. Лекин агар аз ин ду банд эмин бошад, дигар парвои қуvвату ниҳод (фитрат) кардан воҷиб нест ва метавонад дар таомхӯрӣ худдорӣ варзад ва парҳез кунад, то дараҷае, ки намозро натавонад истода ба ҷо оварад. Зеро гурусна нишаста намоз гузоштан беҳтар аз он аст, ки пур хӯрдан ва рост истода намозхонӣ кардан.
Дар баёни вазифаи севвум, яъне муайян сохтани фосилаи байни хӯрокҳо Ғаззолӣ меорад, ки болотарин дараҷа он аст, ки дар байни хӯрокхӯрӣ се рӯз ё бештарҒаззолӣ дар баёни тариқи риёзат (ранҷ додан ба бадани худ) ба мақсади шикастани шаҳвати шикамхорагӣ низ андешаҳои худро баён сохта, чаҳор вазифаро ба таваҷҷӯҳи соликон пешниҳод месозад:
- Ҳалол хӯрдан.
- Ба андоза хӯрдан.
- Муайян сохтани фосилаи байни хӯрокҳо (ғизоҳо).
- Муайян сохтани ҷинси хӯрокиҳо.
Аз ин вазифаҳои баёншуда Ғаззолӣ, ба хусус ба банди дуввум таваққуф намуда, аз Саҳли Тустарӣ мисоле меорад, ки мувофиқи он ибодати Худованд ба се чиз эҳтиёҷ дорад: ҳаёт, ақл ва қувват. Ба қавли вай агар инсон аз ба охир расидани ҳаёт ва нотавониву беқувватӣ дар тарс бошад бояд хӯрад ва нӯшад. Лекин агар аз ин ду банд эмин бошад, дигар парвои қуvвату ниҳод (фитрат) кардан воҷиб нест ва метавонад дар таомхӯрӣ худдорӣ варзад ва парҳез кунад, то дараҷае, ки намозро натавонад истода ба ҷо оварад. Зеро гурусна нишаста намоз гузоштан беҳтар аз он аст, ки пур хӯрдан ва рост истода намозхонӣ кардан.
Дар баёни вазифаи севвум, яъне муайян сохтани фосилаи байни хӯрокҳо Ғаззолӣ меорад, ки болотарин дараҷа он аст, ки дар байни хӯрокхӯрӣ се рӯз ё бештар фосила бошад. Таъин кардани чунин фосила, ба қавли Ғаззолӣ ҳеҷ таъсири хатарнок ба солик намегузорад, зеро шахсоне аз қабили Абӯбакри Сиддиқ, Муҳаммад ибни Амр, ал-Қаранӣ, Заҳир, Сулаймон ал-Хавос, Саҳл ибни Абдуллоҳи Тустарӣ ва ғайра аз шаш то сӣ ё чиҳил рӯз гуруснагӣ кашидаанд. Сафёни Саврӣ ва Иброҳими Адҳам бошанд се рӯз пас хӯрок мехӯрданд.
Пас аз он Ғаззолӣ ба вазифаи чаҳорум мепардозад. Дар ин бахш соликонро аз интихоби хӯрокҳои лазиз ва рафтан ба дунболи нафс боз медорад. Дар баробари ин мутафаккир ба баёни риёи зоҳидон ва камхӯрон даст зада, таъкид месозад, ки ориф ба гуноҳу ҷурм, ки дар асоси кори номашрӯъ кардан гирифтор мешавад, вале ба риё (некӯкорӣ ва покдомании зоҳирӣ), мушавашӣ ва пинҳонкорӣ гирифтор нахоҳад шуд. Аз ин рӯ, болотарин зӯҳд он аст, ки солик дар зӯҳд ҳам зӯҳд варзад, яъне аз ин тариқ, ки амалҳои зидди зӯҳд боиси сар задани гуноҳе шавад. Ин худ роҳу рафтори сиддиқон (онҳое, ки ба Худо садоқати комил доранд) аст. Масалан шахсе, ки ошкоро садақа талабида, дар пинҳонӣ онро садақа медиҳад вай сиддиқ мебошад.
Дар масъалаи ҳамсаргирии муридон низ Ғаззолӣ фикрҳои ҷолибро баён месозад. Ба қавли вай мурид дар ибтидои амри иродат ба сулук набояд вақту хотири худро ба масъалаи ҳамсардорӣ банд намояд, ё ин ки ба ҳеҷ ваҷҳ худро бо Пайғамбар қиёс накунад, ки ӯ ҳамсарони фаровон дошт, зеро ҳамсаргузини Пайғамбар асрори худро дошт. Агар шаҳвати солик ва рағбати ӯ ба никоҳ зиёд гардад, вай метавонад гуруснагӣ кашад, ин кор низ агар ба вай кӯмак накард метавонад издивоҷ кунад. Зеро ба қавли Ғаззолӣ бузургтарин майл ин майл ба зан аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё