Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Дар масъалаи зӯҳд варзидан дар заруриёт ва муҳиммоти зиндагӣ Ғаззолӣ онҳоро дар шаш заруриёт хулоса мекунад: хӯрок, пӯшок, хона, рӯзгори хона, ҳамсар ва мол. Вай дар байни ин муҳиммот ҷоҳу мансабро дохил намесозад, чунки ба қавли Ғаззолӣ, мардум ба он хотир мансаб металабанд, ки ба он заруриёт даст ёбанд.

Дар хӯрок олитарин дараҷаи зӯҳдро дар он мебинад, ки солик танҳо бояд ҳангоми гуруснагии шадид ва тарс аз беморӣ ба қадри зарурӣ чизе хӯрад.

Дар пӯшок бошад охирин дараҷа ин аст, ки солик илова ба пироҳан, кулоҳ, кафш, шалвор ва дастор чизи зиёдатӣ дошта бошад ин берун аз зӯҳд аст. Дар амри хона бошад зоҳидонатарин шева он аст, ки ҳеҷ хонаи хоссе барои худ нагирад ва дар гӯшаи масҷид зиндагӣ кунад. Зоҳидонатарин ҳол дар масъалаи рӯзгори хона ҳолати Исои Масеҳ буд, ки ҷуз шона ва кӯза дигар чизе надошт.

Ғаззолӣ дар асари хеш ба хусус дар бахши таваккул диққати хосса зоҳир намудааст. Таваккул дар таърифу тақсими Ғаззолӣ се марҳила дорад. Дар марҳилаи нахустини он солики ба Худо таваккулкунанда ва ба доди Худо аз ғайри ҳаракати хеш умедворшаванда аст. Дар мартабаи дуввум бошад ба мисли кӯдаке ба модараш худро месупорад ва дар мартабаи севвум ҳамчун мурдае дар дасти мурдашӯй мебошад.

Саволе ба миён меояд, ки таваккулкунандагон дар масъалаи расидан ба мақсаде бо сабабҳо ва натиҷаҳо чӣ кореро анҷом медиҳанд? Ё ин ки косибӣ кардан ва ё дору хӯрдан ба таваккул мухолифат ва ё зиддияте дорад? Ғаззолӣ дар посухи ин саволҳо меорад, ки сабабҳо се навъ мебошад:

  1. Он сабабҳое, ки инсонро ба мақсад мерасонанд
пешина
аз 567
навбатӣ