Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
сафар барои тавофи мақбараи ӯ дар гуристони фаромӯшшудаи Тобарони пешин бо нигаристан ба гӯри ӯ баргҳои орзуҳоям якояк зард мешуд ва боди ҳазин ва устухонсӯзи фано бар сару сурати ҷонам мевазид, то гӯй хазони муҷассам ва ё муҷассамаи хазон бошад. Бе паноҳ ва дилафсурда ба мошин паноҳ бурдам ва андӯҳсорона ба сӯи Машҳад раҳсипор гаштам, то Рабб бар ҷонам бияфшонад ва ману моро аз ин тангназариҳо ва ғуруру худписандиҳо наҷот диҳад.
Шояд ҳукумати Эрон баъд аз садсолаҳо санге бар болои марқади ин бузургмарди башарият бо сабти номаш гузорад, то ташнарабони осору андешаҳояш ба равони поки ӯ дуо фиристанд.
Худованд ба рӯҳи пурфутӯҳи Имом Абӯҳомид Муҳаммад Ғаззолӣ раҳмат фиристад ва муаллифу хоҳандаро ҳам аз ин раҳмат бенасиб насозад!
Абдулвоҳид Шамолов

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё