Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ба номи вазири ӯ Абулмаъολӣ Муҳаммад ибни Фахрулмулк Шарафуддин Абисаъд (ё Абисаид) ал-Ҷунайдӣ, ба форсӣ тарҷума кард. Нусхаҳои мутааддиди қадим ва саҳеҳе аз он дар даст аст (банда ҳанӯз нусхаи комиле аз он надидам) ва сазовор аст, ки арбоби ҳиммат ва иститоат ба чоп кардани ин тарҷума - агар тамом бошад - ё ба водоштани касе ба тарҷумаи тозаю комил ва онро чопу мунташир кардан миннате ба форсизабонон бигзоранд ва яке аз китобҳои бузурги оламро дар дастраси омма қарор диҳанд»¹.

Оқои Аҳмади Мунзнавӣ низ дар меҳрмоҳи соли 1349 ҳ.ш. навишт: «Тарҷумаи «Эҳёу улуми-д-дин»... Мутарҷим менависад: дар авохири соли 620 ҳ.қ. хидмати Муаййидулмулк Муҳаммад фарзанди Фахрулмулк Абусаиди Ҷунайдӣ расидам. Ишора кард, ки «Эҳёу улуми-д-дин»-ро ба форсӣ дароварам». Бингаред: Пешгуфтор чопи тарҷумаи «Эҳёу улуми-д-дин» аз Ҳидевҷам².

Хушбахтона, то ин таърих рақами нусхаҳои хаттии шинохташуда аз ин тарҷумаи форсӣ ба чаҳордаҳ нусхаи қобили истифода аз бахшҳои мухталифи «Эҳё» расидааст. Нусхаҳои ошӯфта ва ноқиси дигаре ҳам пайдо шуда, ки бештари онҳоро Оқои Аҳмади Мунзнавӣ феҳрист кардаанд, вале нигорандаи ин сутур дар мавриди чопи аввал ва чопи ҳозир танҳо аз он нусхаҳое баҳра гирифт, ки худ пас аз сафарҳои дуру дароз ба кишварҳои Шарқу Ғарб, ҳамчун Сурияву Мисру Ироку Шӯравӣ ва Афғонистону Туркияву Покистону Англия фароҳам овард. Ва инак, ба ихтисор муаррифӣ мешавад:

Нусхаҳои хаттии тарҷумаи форсии «Эҳёу улуми-д-

_________________ ¹ Мизнавӣ М. Ғаззолии Тӯсӣ//Маҷаллаи Донишкадаи адабиёт ва улуми инсонии Машҳад, Соли шашум, шумораи № 2. – С. 272-294 ² Аҳмади Мунзнавӣ. Феҳристи нусхаҳои хаттии форсӣ. – Теҳрон, Ҷ. 2. – С. 1082.

пешина
аз 567
навбатӣ