Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

-Пешгуфтори мураттиби чопи форсӣ ва мутарҷими ондин»:

  1. Нусхаи Бритиш мюзеум, ки акси онро Мирзо Муҳаммадхони Қазвинӣ таҳия карда ва ҳам акнун дар китобхонаи миллии Эрон мавҷуд аст. Ин нусха танҳо шомили «Рубъи ибодот» аст.

  2. Нусхаи китобхонаи марҳум Муҳаммад Шафеъ Лоҳурий, ки аслашро худам ҳудуди даҳ сол пеш аз ин дар китобхонаи феҳристнашудаи он марҳум дар Лоҳур дидам. Ин нусхаи фарсуда шомили бахше аз «Рубъи мунҷиёт» аст. Филми миқдоре аз онро оқои Раббонӣ, фарзанди марҳум Муҳаммад Шафеъ, тавассути оқои Баҳмани Ҳабибӣ дар ихтиёри ин ҷониб гузошт.

Тавзеҳи он ки марҳум Муҳаммад Шафеъ Лоҳурий, пас аз дидани акси нусхаи Бритиш мюзеуми мавҷуд дар Китобхонаи миллии Эрон, мақолае дар муаррифии нусхаи фарсуда ва обдидаи худ навишт ва дар замимаи маҷаллаи «Ориёнтал коллеҷ магазин» соли 1953 мелодӣ ба забони урду мунташир кард. Вай дар он мақола кӯшида то бо ҳадсу гумон собит кунад, ки номи мутарҷими «Эҳё» Маҷдуддин Абӯлмаъолӣ Муаййиди Доҷармӣ (?) аст.

Хушбахтона, дере напоид, ки нусхаи нафиси Қоҳира муаррифӣ шуд, нусхае, ки дар охири «Рубъи мунҷиёт»-и он ошкоро навишта шуда: «Мутарҷими ин китоб Муаййидуддин Муҳаммади Хоразмӣ аст - Ҳаққақа-л-Лоҳу таъоло билхайри аъмолаҳу».

Тасвири сафаҳоти охири нусхаҳои хаттии Қоҳира ва Лоҳурро дар поёни «Рубъи ибодот»- и ин чоп овардем, то дар мавриди сиҳҳати номи мутарҷим барои касе тардиде бар ҷой намонад.

  1. Нусхаи Шеронӣ, мутааллиқ ба китобхонаи донишгоҳи Панҷоб дар Лоҳур, ки шомили се китоб аз даҳ китоби «Рубъи муҳликот» аст.
пешина
аз 567
навбатӣ