Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
«Ибодот» ва «Одот» ва «Муҳлиқот» ва «Мунҷиёт»-и ин тарҷума даст ёфтаам, ки нусхаҳои ду рубъи «Муҳлиқот ва Мунҷиёт» мутааллиқ ба Китобхонаи миллии Қоҳира аст ва аз лиҳози нафосат ва амонат барои ман мунҳасир ва ягона.
Бо ин ҳама, ба ёрии тасвири нусхаҳои фароҳамшуда чопи интиқодии дилҳоҳ аз ин китоб бо шеваи илмӣ, ки дар назди мусаҳҳеҳони мутуни кӯҳан роиҷ ва марсум аст, имконпазир нашуд. Пас, ногузир барои он ки ин ғайримумкин аз миён бархезад, ба ибтикори хеш роҳи тозае дар пеш гирифтам. Яъне, нусхаи музейи Британияро дар чопи «Рубъи ибодот» асос қарор додам. Ва илова бар нусхаи мухтасари Туркия, аз чопҳои мутааддиди матни арабии «Эҳёу улуми-д-дин», ки теъдоди онҳо дар Миср, Эрон, Туркия ва Ҳинд то ин рӯзгор беш аз бист чоп мешавад, се чопи кӯҳани Булоқ ва сангии Теҳрон ва Ҳинд ва ду чопи Китобу-ш-шаъб вал-мактабату-т-тиҷорияи Миср ва шарҳи даҳҷилдии Муртазо Забидӣ ба номи «Итҳофу-с-содат»-ро баргузидам ва аз онҳо барои такмили бархе афтодагиҳо ва равшан сохтани мавориди машкук ёрӣ ҷустам. Ва қисматҳои изофии мавҷуд дар дигар нусхаҳои хаттӣ ё тарҷумаи худамро, агар андак буд дар миён [ ] ниҳодам, ва агар муфассал буд бо аломати * мушаххас намудам ва ба ҷои калимоти мукаррар се нуқта (...) ниҳодам. Зимнан, бо афзудани поварақиҳои лозим аз мавридҳои ибҳом парда баргирифтам то барои хонанда ҷои тардид боқӣ намонад.
Сабти шумораи сураҳо ва ояҳои қуръонӣ дар поварақиҳо барои он аст, ки чун мутарҷим дар мавридҳои бисёр аз тарҷумаи оёти қуръонӣ худдорӣ кардааст, эҳтимол додам ин кор барои касоне, ки бихоҳанд ба асли Қуръон руҷӯъ кунанд, навъе сарфаҷӯӣ дар вақт хоҳад буд.
Дар ин чоп «он-чи», «ин-чи», «он-ки», «ин-ки», бо суратҳои «он чи», «ин чи», «он ки», «ин ки» сабт шудааст. Ҳамчунин дар ҳама ҷо «зол» ба «дол» табдил шуд. Аъдоди дохили [ ] шумораи сафаҳоти нусхаи хаттии мавриди истифодаи мусаҳҳеҳ аст.
Номи комили ин донишномаи бузурги исломиро Ғаззолӣ дар аксар осораш ва дар муқаддимаи «Кимиёи саодат» ва «Эҳёи улуми-д-дин» оварда ва гоҳе ба ихтисор аз он ба номи «Эҳё» ёд кардааст. Бинобар ин, агар феъли мусанниф ҳуҷҷат буда бошад, раво нест номи онро ҷуз бо ду сурати ёдшуда зикр кунанд ё бинигоранд. Дар зимн, барои огоҳии бештар аз сарнавишти «Эҳё» бингаред ба мақолаи ин ҷониб дар ҷилди дахуми «Донишномаи Эрон ва ислом».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё