Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

АРЗИШИ «ЭҲЁИ УЛУМИ-Д-ДИН»

Ҷаҳонгир шудани ин китоб — чӣ дар даврони зиндагии Ғаззолӣ ва чӣ пас аз даргузашти вай — ва ривоҷи он дар кишварҳои исломӣ аз оғози интишор то ин таърих, ки ҳудуди 915 сол аз умри он мегузарад ва талхисҳои чандгонае, ки донишмандони номвари мусулмон аз он кардаанд, ё шарҳу тафсирҳои фаровоне, ки бар он навиштаанд, ҳамчунин ситоишҳо ва каромоте, ки дар китобҳои мухталиф барои арҷманд будани «Эҳёи улуми-д-дин»-и Ғаззолӣ ривоят шуда, ҳатто хурдагириҳои бархе мардуми тангҳавсала ҳама гувоҳи содиқест бар пойдории мақоми волои ин асари Ғаззолӣ дар миёни мусулмонони ҳар асру замон. Барои парҳез аз дароз шудани сухан беҳтар аст ба он чи Муаййидуддин Муҳаммади Хоразмии ҳанафимазҳаб дар муқаддимаи худ бо истифода аз гуфтаву навиштаҳои Имом Фахри Розӣ ривоят карда ва пас аз ин сухан ҷой гирифта ва аз дидгоҳи нависандааш бо ақл ва инсоф низ ҳамоҳанг ме-
АРЗИШИ «ЭҲЁИ УЛУМИ-Д-ДИН»

Ҷаҳонгир шудани ин китоб — чӣ дар даврони зиндагии Ғаззолӣ ва чӣ пас аз даргузашти вай — ва ривоҷи он дар кишварҳои исломӣ аз оғози интишор то ин таърих, ки ҳудуди 915 сол аз умри он мегузарад ва талхисҳои чандгонае, ки донишмандони номвари мусулмон аз он кардаанд, ё шарҳу тафсирҳои фаровоне, ки бар он навиштаанд, ҳамчунин ситоишҳо ва каромоте, ки дар китобҳои мухталиф барои арҷманд будани «Эҳёи улуми-д-дин»-и Ғаззолӣ ривоят шуда, ҳатто хурдагириҳои бархе мардуми тангҳавсала ҳама гувоҳи содиқест бар пойдории мақоми волои ин асари Ғаззолӣ дар миёни мусулмонони ҳар асру замон. Барои парҳез аз дароз шудани сухан беҳтар аст ба он чи Муаййидуддин Муҳаммади Хоразмии ҳанафимазҳаб дар муқаддимаи худ бо истифода аз гуфтаву навиштаҳои Имом Фахри Розӣ ривоят карда ва пас аз ин сухан ҷой гирифта ва аз дидгоҳи нависандааш бо ақл ва инсоф низ ҳамоҳанг менамояд, бипардозем, то ҳақиқат ошкор шавад.

Аз миёни муаллафоти пешиниён беш аз ҳама осори Муҳаммад Ғаззолӣ матмаҳи назари Мавлоно (Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ) будааст, тарз ва шеваи баҳс ва афкор ва иттилооти Ҳуҷҷатулислом дар «Эҳёу улуми-д-дин» асари амиқ дар фикри Мавлоно ба ҷой гузоштааст (Муқаддимаи шарҳи «Маснавии шариф», Фурӯзонфар).

1 Китоби «Эҳёу улуми-д-дин» ба гувоҳии бархе аз донишварони мусулмон ва ховаршиносони ошно бо сухан ва андешаи Ғаззолӣ, аз ҷумлаи арзандатарин мероси илмии имом Муҳаммади Ғаззолӣ аст. Барои дурустии ин сухан кофӣ аст бидонем, ки гурӯҳе аз муҳаққиқони мусулмон дар ситоиши «Эҳёу улуми-д-дин» роҳи муболиға паймуда ва зиёда пеш рафтаанд. Дар ин боб ба зикри доварии се тан аз ситоишгарони «Эҳё»-и Ғаззолӣ басанда мекунем: «Ва қола Абдулғофири Форсӣ фӣ мисоли-л-Эҳё: Иннаҳу мин тасонифиҳи-л-машҳурати-л-латӣ лам юсбақ илайҳо»; Ва қола фӣҳӣ ан-Нававӣ «Қода-л-Эҳё ан якуна Қуръонан»; Ва қола аш-Шайх Абумуҳаммад ал-Козерунӣ «Лав муҳият ҷамиъу-л-улуми лаустухриҷат мина-л-Эҳё».

Бо ин ҳама дар накӯҳиши он низ суханҳо гуфта шуда, ки маҷмӯае аз онҳоро дар муқаддимаи мусаҳҳеҳи китоби «ал-Маҳаҷҷату-л-байзо фӣ таҳзиби-л-Эҳё» метавон дид. (Ниг.: «Таърифу-л-аҳё бифазоили-л-Эҳё» дар ҳомиши «Итҳофу-с-содати-л-муттақин», чопи Миср, ҷилди 1.— С. 13; ва низ ба муқаддимаи «ал-Маҳаҷҷату-л-байзо фӣ таҳзиби-л-Эҳё», чопи Теҳрон.).

пешина
аз 567
навбатӣ