Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Аз китобҳои фаровоне, ки тарҷумаи аҳволи Ғаззолӣ дар онҳо дарҷ шуда, ду китоб: «Табақоту-ш-шофеия» таълифи Ибни Субкӣ ва муқаддимаи шарҳи муфассали «Эҳёу улуми-д-дин» навиштаи Муртазо Забидӣ ба номи «Итҳофу-с-содати-л-муттақин» би шарҳи асрори «Эҳёу улуми-д-дин», беш аз дигар китобҳо мавриди истифода ва истиноди ғаззолишиносон қарор гирифтааст. Вале, агар бар асоси осори барҷоймондаи порсӣ ва тозии Имом Муҳаммади Ғаззолӣ - монанди китоби «Фазоилу-л-аном» (ё «Макотиби Ғаззолӣ», гирдоварии яке аз мансубони Ҳуҷҷатулислом) ва «ал-Мункизу ми-на-з-залол» ва «Эҳёу улуми-д-дин» ва дигар навиштаҳояш – зиндагиномаи таҳқиқӣ барои ин нобиғаи хуросонӣ гулчин шавад ва ақоиди гурӯҳи мувофиқ ва мухолиф дар он таҳдил гардад, шояд ҳаққи воқеии Ғаззолӣ гузорда шавад ва поя ва мояи илмии вай дар миёни донишварони исломӣ он чунон ки бояд ва шояд мушаххас гардад. Аммо ин корест, ки ба маҷол ва ҳавсалаи бисёр ниёз дорад ва то фароҳам шудани заминаи мусоид бояд дар интизор монд¹. Бинобар ин, акнун феҳриствор бештар ба ёрии маохизе, ки ёд шуд, зиндагиномае барои вай менигорам.
СОЛИ МЕЛОДИИ ҒАЗЗОЛӢ
(450ҳ./1058м.)
Номи комили ӯ дар бештари маъхазҳо Абуҳомид Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Муҳаммади Ғаззолӣ аст. Ба соли 450 ҳиҷрӣ (1058 мелодӣ) дар Тобирони Тӯс зиндагии пурнишебу фарози хешро оғоз кард ва ба рӯзгори кӯдакӣ аз падар ятим гашт. Падараш порсомарди
¹ Хушбахтона, китоби «Фирор аз мадраса» навиштаи доктор Абдулҳусаини Зарринкӯб ба ин интизор поён бахшид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё