Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ЗИНДАГИНОМАИ ҒАЗЗОЛӢ
Таърихчаи зодан ва зистан ва даврони донишан-дӯзию устодӣ ва солҳои нокомӣ ва комравой, гумномӣ ва баландовозагӣ, ҷаҳонгардӣ ва гӯшанишинии Имом Муҳаммад Ғаззолӣ1 – аз оғози зиндагӣ то охирин рӯзе, ки барои хоби abadӣ дида барҳам ниҳод ва ба ҷамъи ҷовидонагон пайваст – дар китобҳои тазкиранависон ва бархе аз осори қаламии худаш чунон гӯё ва равшан дарҷ шуда, ки аҳли таҳқиқ барои نگorиши ҷузъиёти зиндагиномаи илмӣ ва иҷтимоии вай камтар дучори тардид гаштаанд. Вале, дар навиштаҳои касоне, ки гоҳу бегоҳ танҳо ба баррасии оро ва ақоиди динии ин бузургмард пардохтаанд, на танҳо ҳамоҳангӣ дида намешавад, балки кори ихтилофи салиқа ва ақида ба ҷое кашида шудааст, ки гурӯҳе вайро дар шумори авлиёи соҳиби кашфу каромат дониста ва бароиаш каромоти муболиғаомез нақл кардаанд, ва бархе барои инкори фазоили воқеии вай то бад-он ҳад аз роҳи инсоф мунҳариф шудаанд, ки нораво, моддӣ, зиндиқ ва гумроҳаш шумур-даанд.
1 Ғаззол, ресмонфурӯш («ал-Булға», таълифи 483х.; «Муқадди-мату-л-адаб»-и Замахшарӣ); Кал-ҳаллоҷати ва-л-ғазал (матни арабӣ) = ҷавлохагӣ ва ресмонресӣ. Бингаред ба ҷилди авали ин чоп, саҳ. 44. Восил ибни Аторо бад-он «Ғаззол» хондандӣ, ки бо газзолои нишастӣ барои он ки чун зани заифаеро бинад садака ба вай диҳад («Итҳоф» ҷилди 8, саҳ. 180 марбут ба тарҷумаи «Эҳё», «Рубъи муҳликот», дар «Баёни фазилати сахо»). Бинобар ин, лакаби Ғаззолӣ аз нисбати ҳирфаи падараш гирифта шуда ва бо ҳамин вазн ва забт асил аст, ва ҳадсҳои дигари бархе аз тазкирана-висон дар мавриди калимаи «газзолӣ» арзиши илмӣ надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё