Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

таълиму ибодот саргарм буд, ба лашкаргоҳи хеш, «Туруғ» – наздики Машҳади Ризо – фаро хонд. Ғаззолӣ чун дарёфт, ки дар кафи шери нари хунхорае қарор гирифта, аз рафтан баҳона овард ва бо номаи устодона хашми Султон Санҷарро фурӯ нишонид. Инак, бахше аз он нома дар ин ҷо нақл мешавад: «Бар мардумони Тӯс раҳмате кун, ки зулми бисёр кашиданд ва ғалла ба сармо ва беобӣ табоҳ шуда, ва дарахтҳои садсола аз асл хушк шуда, ва марди рӯстоиро ҳеҷ намонда, магар пӯстине ва муште айёли гурусна ва бараҳна. Ва агар ризо диҳад, ки пӯстин аз пушт боз кунад, то зимистон бараҳна бо фарзандон дар тануре шаванд, ризо мадеҳ, ки пӯсташон боз кунанд. Ва агар аз эшон чизе хоҳанд, ҳамгинон бигрезанд ва дар миёни кӯҳҳо ҳалок шаванд ва ин пӯст боз кардан бошад. Ин доъӣ панҷоҳу се сол умр бигузошт, чиҳил сол дар дарёи улуми дин ғаввосӣ кард, то ба ҷое расид, ки сухани вай аз андозаи фаҳми бештари аҳли рӯзгор даргузашт. Бист сол дар айёми Султони Шаҳид [Маликшоҳ] рӯзгор гузошт ва аз вай ба Исфаҳону Бағдод иқболҳо дид; ва чандин бор миёни Султону Амирулмӯъминин расул буд дар корҳои бузург, ва дар улуми динӣ наздики ҳафтод китоб кард. Пас дунёро чуноне, ки буд бидид, ва ба ҷумлагӣ биандохт ва муддате дар Байтулмуқаддас ва Макка мақом кард, ва ба сари машҳади Иброҳими Халил – салавоту-л-Лоҳи алайҳи - аҳд кард, ки низ пеши ҳеҷ султон наравад, ва соли султон нагирад, ва мунозира ва таассуб накунад; ва дар дувоздаҳ сол бад-ин аҳд вафо кард. Ва Амирулмӯъминин ва ҳамаи султонон вайро маъзур доштанд. Акнун шунидам, ки аз маҷлиси олӣ ишорате рафтааст ба ҳозир омадан. Фармонро ба машҳади Ризо омадам, ва нигоҳдошти аҳд [бар турбати] Халил – алайҳи-с-саломро ба лашкаргоҳ наомадам ва бар сари ин машҳад мегӯям:

пешина
аз 567
навбатӣ