Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

«Эй фарзанди Расул, шафеъ бош, то Эзиди таъоло малики исломро дар мамлакати дунё аз дараҷаи падарони хеш бигузаронад ва дар мамлакати охират ба дараҷаи Сулаймон – алайҳи-с-салом – бирасонад, ки ҳам малик буд ва ҳам пайғамбар ва тавфиқаш деҳ, то ҳурмати аҳди Халил Иброҳим – алайҳи-с-салом – нигоҳ дорад ва дили касеро, ки рӯй аз халқ бигардонида ва ба Ту, ки Худой Таъоло, изза шаънуҳу, [рӯй оварда] бишулида накунад. Ва чунин донистам, ки ин ба наздики маҷлиси олӣ писандидатар ва мақбултар аст аз омадан ба шахсу қолабуд, ки он кори расмии бефоида аст ва ин корест, ки рӯй дар Ҳақ таъоло дорад.

Агар чунон чӣ писандида аст, фамарҳабо ва агар бар хилофи ин фармоне бувад дар ӯҳдаи аҳд шикастан набошам, ки фармони султон ба изтирор лозим бувад, фармонро ба зарурат мунқод бошам. Эзиди таъоло бар забон ва дили азизи он ронод, ки фардо дар қиёмат аз он хиҷил набошад, ва имрӯз исломро аз он заъф ва шикастагӣ набошад»1.

ОМОДАГӢ БАРОИ САФАРИ ОХИРАТ
(504ҳ./1110м.)

Пас аз даргузашти Шамсуислом Имом Ҳаросии Табарӣ, фақеҳи Шофеӣ ва устоди Низомияи Бағдод, ки аз шогирдони баргузидаи Имомулҳарамайн будааст, ба ишорати халифаи Аббосӣ ва султони Салчуқӣ, вазири Ироқ, Зиёулмулк Аҳмад фарзанди Хоҷа Низомулмулк ба вазири Хуросон Садриддин Муҳаммад фарзанди Фахрулмулк номае навишт, ки Ғаззолиро бо навозиш ва дилҷӯӣ ба Бағдод бозгардонад, то шогирда-

1 Макотиби форсии Ғаззолӣ. – С. 4-5

пешина
аз 567
навбатӣ