Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

қабул кунад, ки чун Ғаззолӣ ба Бағдод расид, фармони Ҳақ таъоло дар марги ӯро дарёфт, на тадбири мадраса бояд кард. Имрӯз ҳамон тақдир кунад»1.

ПАЙВАСТАН БА ҶОВИДОНАГОН
(505 ҳ./1111 м.)

Муртазо Забидӣ поёни зиндагии Ғаззолиро дар муқаддимаи хеш бар шарҳи «Эҳёу улуми-д-дин» бо нақли гуфтаҳои дигарон нек нигоштааст, ки тарҷумаи бахши аввали он чунин аст: «Гуфтаанд, ки авқоти худро пайваста ба тиловати Қуръон ва ҳамнишинӣ бо соҳибдилон ва гузоридани намоз машғул медошт, то ҷумоди-у-охири соли 505 ҳ. (1111 мелодӣ) фаро расид. Ва дар китоби «ас-Субот инда-л-мамот» навиштаи Ибни Ҷавзӣ омадааст, ки Аҳмади Ғаззолӣ бародари Ҳуҷҷатулислом гуфтааст: «Рӯзи душанбе ба ҳангоми субҳ бародарам вузӯ сохт ва намоз гузориду гуфт: «Кафани маро биёваред». Оварданд. Гирифту бӯсид ва бар дида ниҳоду гуфт: «Самъан ва тоатан ли-д-духули ала-л-малик». Он гоҳ пои хешро дар ҷиҳати қибла дароз кард ва пеш аз баромадани хуршед роҳии биҳишт гардид».

Фахруддин ибни Асокир, муаррихи шомӣ, гуфтааст: «Рӯзи душанбе чаҳордаҳуми ҷумоди-у-охири соли 505 ҳ. ([18-уми декабри соли] 1111 мелодӣ) бар раҳмати Ҳақ пайваст ва дар беруни рӯстои Тобирони Тӯс ҷасадашро ба хок супурданд»2.

1 Макотиби форсии Ғаззолӣ. – С. 44-45 2 Муртазо Забидӣ. «Итҳофу-с-содати-л-муттаққин». Ҷ. 1. – Бейрут. – С. 11.

пешина
аз 567
навбатӣ