Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

-Пешгуфтори мураттиби чопи форсӣ ва мутарҷими он-

ни мадрасаи Низомия аз нобасомонӣ наҷот ёбанд. Вале Ғаззолии вораста ва даст аз ҳама чиз шуста таслим нашуд ва дар посухи онон чунин навишт: «Омадем ба ҳалди мадрасаи Бағдод, ва узри тақоуд аз имтисоли ишорати садри вазорат. Узр он аст, ки изҷоҷ аз ватан муяссар нашавад илло дар талаби зиёдати дин ё зиёдати дунё. Аммо ози зиёдати иқболи дунё ва талаби он, биҳамди-л-Лоҳи таъоло, ки аз пеши дил бархостааст. Агар Бағдодро ба Тӯс оваранд бе ҳаракате ва мулку мамлакат Ғаззолиро муҳайё ва софӣ ва мусаллам доранд ва дил бад-он илтифот кунад, мусибати заъфи эмон бувад, ки илтифот натиҷаи он бошад ва вақтро мунниғас кунад ва парвои ҳамаи корҳо бибарад.

Аммо зиёдати дин лиамрӣ истеҳқоқи ҳаракат ва талаб дорад. Ва шакк нест, ки изофати илм он ҷо муяссартар аст ва асбоб сохтатар ва талабаи илм он ҷо бештаранд. Лекин дар муқобалаи он зиёдат эътизор аст ҳам дайне, ки ба халал мешавад, ки ин зиёдат он нуқсонро ҷабр накунад.

Яке он ки ин ҷо қариб саду панҷоҳ марди муҳассили мутаварреъ (порсо) ҳозиранд ва ба истифодат машғул ва нақли эшон ва сохтани асбоби он мутааззир аст. Ва фурӯ гузоштан ва ранҷонидани ин ҷамоат ва ба умеди зиёдати адад ҷои дигар рафтан рухсат нест. Масали он чунон бувад, ки даҳ ятим дар кифоят ва тааҳҳуди касе бувад, эшонро зоеъ гузорад ба умеди он ки бист ятимро ҷои дигар тааҳҳуд кунад ва марг ва офат дар қафо.

Узри дуввум он аст, ки он вақт, ки садри шаҳид Низомулмулк – қаддаса-л-Лоҳу рӯҳаҳу – маро ба Бағдод хонд, танҳо будам, бе алоиқ ва бе аҳлу фарзанд. Имрӯз алоиқ ва фарзандон пайдо омаданд... Дар ҷумла чун умр дер даркашид, вақти видои фироқ аст на вақти сафари Ироқ. Ва мунтазир, ки аз макорими ахлоқ ин узр

пешина
аз 567
навбатӣ