Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

«урфу одат»-ро мавриди баррасӣ қарор медиҳад ва дар поён доир ба маҳорати ахлоқ сӯҳбат ба миён меоварад. Ғаззолӣ бо манзури расидан ба мақсади аслии худ аз тамоми илмҳои исломӣ кӯмак металабад ва меку-шад аз онҳо натиҷаи дурусти мантиқӣ ба даст орад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки «Эҳёу улуми-д-дин» маҷмӯае аз осори гуногуну фарқкунанда буда, на танҳо якдигарро инкор накардаанд, балки сабаби такомули якдигар шудаанд.

Дар воқеъ «Эҳёу улуми-д-дин» доиратулмаорифи улуми динӣ мебошад, ки дар он Ғаззолӣ доир ба эъ-тиқод, сайру сулук, ахлоқи иҷтимоӣ ва рафтори сиёсӣ баҳсу мунозираҳои зиёде кардааст. Дар хусуси ҷои таъ-лифи ин асар дар байни муҳаққиқон баҳсҳои доманадо-ре анҷом ёфтааст, ки ба қавли баъзе аз онҳо «Эҳёу улу-ми-д-дин» дар Димишқ ва ба қавли қисми дигарашон дар Байтулмуқаддас иншо гардидааст. Ин асари воқеан ишроқии Ғаззолӣ ба таври куллӣ намунаи аълои як ки-тоби комил мебошад ва ба андешаи Генри Лауст «Ғаз-золӣ бозёфтани яқини диниашро на ба калом мадюн (вазифадор - А.Ш.) аст ва на ба фалсафай Юнон. Ин ду асар барои эҷоди яқини динӣ зиёда ақлӣ ҳастанд. Фиқҳ низ, ки дар ҳалли мушкилоти зимнӣ ва масоили шарҳи хушк фурӯ мемонад, Ғаззолиро дар ин тариқ ёрӣ на-кардааст. Дар воқеъ Ғаззолӣ раҷъаташро ба яқин ма-диюни ирфон, маърифат ва шинохти бевосита ва таҷ-рубӣ аст. Шинохте, ки Худо ниҳоли онро дар дили ҳар мӯътақид шоистаи ғарс (шинондани дарахт - А.Ш.) ме-кунад ва ба ин сабил ҷазба пояи яқини динӣ ва сайру сулуки ориф қарор мегирад. Орифе, ки аз дунё буррад то ба хилвати холиқ наздик шавад. Аз ин назаргоҳ шоҳ-кории Ғаззолӣ китоби ҷалил «Эҳёу улуми-д-дин»-ро бояд

пешина
аз 567
навбатӣ