Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
муқаддимае бар ҳаёти ишроқии вай ба ҳисоб овард»1.
Гарчанде ки «Эҳёу улуми-д-дин» «муқаддимае бар ҳаёти ишроқии» Ғаззолӣ нест, лекин ба яқин асаре мебошад, ки ақоиди исломи сунниро бо суфия оштӣ дорунда, ба шариати исломӣ таровати орифона бахшидааст.
Ҳанӯз аз замони зиндагии Ғаззолӣ ва таълифи «Эҳёу улуми-д-дин» баҳсу мунозираҳо ва эътирозот дар атрофии вай ба вуҷуд омада, дар асрҳои баъдӣ ва ҳатто то рӯзҳои мо низ давом кардаанд. Ғаззолӣ бо дарки моҳияти ин эътирозоти мухолифини худ маҷбур мешавад таълифоти «ал-Имло ало мушкили-л-Эҳё» ва «ал-Интисор лимо фи-л-Эҳёи минал-л-асрор»-ро дар ҷавоби онҳо нависад. Абӯлфараҷ ибни Ҷавзӣ (ваф. 597ҳ./1201м.) китоберо бо номи «Минҳоҷу-л-қосиддин» дар шарҳи «Эҳёу улуми-д-дин» ва асари дигари худ «Эълому-л-Эҳёи би аглот-л-Эҳёи»-ро дар эътирозот ба Ғаззолӣ менависад. Ибни Қаййим бошад (691-751ҳ. /1292-1350м.) асаре дар радди «Эҳёу улуми-д-дин» таълиф менамояд ва дар ҷавобияи эътирозоти вай Қутби Шаъронӣ китоби «ал-Аҷвибату-л-мурзия»-ро ба табъ мерасонад.
Яке аз ҷонибдорони сарсахти Ғаззолӣ ва асари безаволи вай «Эҳёу улуми-д-дин» имом Зайниддин Абулфазл Абдурраҳим ибни Хусайни Ироқӣ буд, ки ҳадисҳои дар ин асар баёнгаштаро ҷамъ намуд ва доир ба дурустии сарчашмаҳои онҳо, инчунин дар шарҳи ин ҳадисҳо аввалин маротиба дар соли 1350 (751ҳ.) китоби бузургеро дар чанд ҷилд ба табъ расонд. Ба идомаи ин кори худ дар соли 1359 (760ҳ.) китоби мухтасареро бо номи «ал-Муғнӣ ан ҳамли-л-асфор», ки он низ доир ба
1 Генри Лауст. Сиёсат ва Ғаззолӣ. Тарҷумаи Маҳди Музаффарӣ. – Теҳрон: Интишороти бунёди фарҳанги Эрон, 1354. – С. 4.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё