Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
вуҷуд ҷуз якеро набинад ва он мушоҳадаи сиддиқон аст. Ва суфиён онро фано хонанд дар тавҳид аз он рӯй, ки [инсон дар он ҳол] ҷуз якеро набинад ва нафси худро ҳам набинад ва чун нафси худро набинад бад-он чи мустағрақ яке бошад, аз нафси худ дар тавҳид ӯ фонӣ бувад ва маънии он ки аз дидани нафси худ фонӣ шудааст¹...» Он гоҳ ки Мулло Садро баҳси муфассали худро ба нақли суханони Ғаззолӣ ба поён мерасонад, вайро чунин меситояд: «Ва иннамо аврадно калома ҳоза-л-баҳри-л-қамқоми-л-мавсум инда-л-аноми би-л-Имом ва Ҳуҷҷатулислом лиякуна талӣнан ли қулуби-с-соликин маслака аҳли имон ва дафъан лимо ятаваҳҳамуҳу баъзун минҳум. Инна ҳоза-т-тавҳиду-л-хоссӣ мухолифун ли-л-ақли ва-ш-шаръ».
Ҳамоно сухани ин дарёи пурҷарфоро, ки назди мардум ба «Имом» ва «Ҳуҷҷатулислом» мавсум аст, гувоҳ овардем, то дилҳои соликони роҳи имонро нармише фароҳам гардад ва радде бошад барои пиндори бархе аз эшон, ки гуфтааст: «Ин тавҳиди хос мухолифи ақл ва шаръ аст».
Ёдоварии кори тасҳеҳи ин тарҷумаи кӯҳансолро нахустин бор дар баҳори соли 1348 ҳ. ш. оғоз кардам ва пас аз ҳудуди даҳ соли талошу кӯшиши пойдор чопи он авоили зимистони 1359 ҳ. ш. дар ҳашт муҷаллад ба поён расид. Бар муҷалладоти ҳаштгонаи тарҷумаи «Эҳё» дар фурсатҳои мухталиф ҳафт муқаддимаи муфассал ва мутавассит навиштам, ки ҳар як равшангари мавориде аз мушкилоти матни арабӣ ва ин тарҷумаи форсӣ буда ва хоҳад буд. Дар зимн, гоҳу бегоҳ аз зиндагиномаи Ғаззолӣ ва диққати назари мутарҷими «Эҳё», Муаййидуддин Муҳаммади Хоразмӣ ва ҳолу ҳавое, ки худ дар он ҷой гирифта будам, барои хонандагон ҳикояти муносиб ривоят кардам.
ри аввал, ҷузъи дуввум, (чопи сангӣ), – С. 191-192. (– Бейрут: 1981), – С. 322-326.
1 Тарҷумаи «Эҳёу улуми-д-дин». Чопи аввал Ҷ. 7 (Рубъи мунҷиёт). – С. 668 ба баъд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё