Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Муҳсини Файз ғофил буд.
Айнулқузоти Ҳамадонӣ: «Қадри илм чунон ки Хоҷа Имом Ғаззолӣ донистӣ — дар кулли олам илло мо-шоа-л-Лоҳ — касе надонад, ки ӯ ошиқи илм будааст ли-зотихӣ». Ва мақсуди ӯ аз илм «айни илм» буд. Ва аз ҳар кӣ ӯро чизе макшуф шудӣ онро ба ҷон харидор омадӣ, ки агар кӯдаке гуфтӣ даҳсола, ҳамчанди он миннат доштӣ аз ӯ, ки аз Шофеъӣ ва нагуфтӣ, ки масалан Абӯл-маъолии Ҷувайнӣ бояд то маро чизе вонамояд. Ва чунин гавҳар дар олам бағоят азиз буд. Ва ман агарчӣ Хоҷа Имом Ғаззолиро надидаам, шогирди кутуби ӯ будаам дар чунин чизҳо ва яқин донам, ки бад-ин сифат будааст дар илм. Ва-л-Лоҳу аълам.
Бидон эй бародар, ки Хоҷа Имом Ғаззолӣ дар кутуби худ овардааст, ки ахлоқ тағайюр пазирад чунон ки бахил худро ба такаллуф сахӣ тавонад кард ва бадзаҳра (тарсу)-ро мумкин аст, ки ба такаллуф далер гардад ва ҳамчунин ҷоҳил олим шавад ба касб. Ва дар «Риёзату-н-нафс ва таҳзибу-л-ахлоқ», ки бисту дуввум китоб аст аз «Эҳёу улуми-д-дин», ин масъаларо баёни муставфӣ бикардааст ва нусрати ин гуфта додааст, ки «ал-хулқу якбалу-т-тағйир»¹.
Муллосадрои Шерозӣ дар китоби «Асфор»-и худ зимни баҳс дар баёни тавҳиди хосс, аз «Рубъи мунҷиёт»-и «Эҳёу улуми-д-дин»-и Имом Муҳаммад Ғаззолӣ, «Китоби тавҳид ва таваккул», мадад гирифта ва бо унвони: «Қола-ш-шайху-л-фозил ал-Ғаззолӣ» маротиби тавҳиди вайро аз «Эҳё» чунин ривоят мекунад: «Каломи «Соҳибу-л-Эҳё» баъда зикри-л-маротиби-с-салосати фи-т-тавҳиди ҳайсу қола»². Мартабаи ҷаҳорум он ки
¹ Номаҳои Айнулқузот. Чопи Бунёди фарҳанг. Ҷилди дуввум. – С. 316-319
² Мулло Садро. Асфори арбаа (ал-Ҳикмату-л-мутаъолия), сафадар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё