Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

аз олами шаҳодат парвариш ёфтааст, қувои рӯҳонии вай аз олами малакут тарбият ёбад ва чунон нашавад, ки қасри тан ба фаршҳои бадеъ ва бисотҳои рафеъ ороста бошад ва подшоҳи ҷон отилу урён монад.

Шеър Чу тан ҷонро музайян кун ба илми дин, ки зишт ояд, Дарунсӯ шоҳ урёнӯ бурунсӯ кушк дар дебо.

Ва ҳамд ли-л-Лоҳи таъоло, ки Маҷлиси олии соҳибӣ, чунон ки аз неъматҳои хориҷӣ ва ҷисмонӣ ҳаззе комил ёфтааст, аз неъматҳои рӯҳонӣ насибе вофир гирифтааст ва мегирад. Чӣ бо он ки масолеҳи чанд иқлим ба ақломи вай марбут аст ва тадобири чанд мамлакати восеъ ба орои вай манут ва асқоли ин ашғол ва аъбои ин умур таҳаммул менамояд ва тамшияти ин масолеҳ ва танфизи ин маросим такаффул мефармояд, ба мубоҳисаи уламо ва мудорасаи кутуб мепардозад ва ҷимоми авқот ва тамоми халавоти худ бад-он машғул медорад ва амвол дар иқтинои кутуб ва иртиботи уламо сарф мегардонад ва дар имтисоли фармони «вабтағӣ фи мо отака-л-Лоҳу-д-дора-л-охирата» мекушад ва бо қазияи «ва ло танса насибака мина-д-дунё» муқаддимаи «ва аҳсин камо аҳсана-л-Лоҳу илайка» - ро риоят менамояд:

Фало ҳува фи-д-дунё музиун насибаҳу,
Вало аразу-д-дунё ани-д-дини шогилуҳу.

Ва умед восиқ аст, ки бо он чӣ хилъати «ва отай-

1 Аъбо — сангиниҳо, борҳо.
2 Қасас, 28:77.
3 На ӯ баҳраи худро дар дунё зоеъкунанда аст ва на моли дунё ӯро аз дин боздоранда.

пешина
аз 567
навбатӣ