Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
поху фи-д-дунё ҳасанатам» ёфтааст, ташрифи «ва иннаҳу фи-л-охирати ламина-с-солиҳин»-ро1 мулобис бошад. Чӣ вайро муҳаққақ шудааст ва мубарҳан гашта, ки ин неъматҳои хориҷӣ муфорақат хоҳад намуд ва ин давлатҳои зоҳириро бақое ва давоме [9] нахоҳад буд. Ва аз ин рӯй, ба такмили қувои рӯҳонӣ ва ба таҳсили камолоти илмӣ ва амалӣ моил аст ва аз маноҳиҷи баҳимӣ ва сабуъӣ ба маъориҷи инсонӣ ва малакӣ мутараққӣ.
Ва яке аз далоили камоли эътино ва тамоми эҳтимоми вай дар эълои аъломи илм ва ишорати маъолими тақво он аст, ки солҳост то хотири хатир ва раъйи мунири вай бад-он масруф аст, ки «Эҳёу улуми-д-дин» ба тарҷума расад.
Бо он чӣ2 фаҳму маърифати вай ба ҳақоиқи иборот ва дақоиқи ишороти арабият муҳит аст, аммо барои он ки фоидаи вай омм шавад ва манфаати он шомил бувад ва маёмин ва баракоти он умум ва шумули айёми давлати вайро захира монад ва дар дунё зикри ҷамил ва дар уқбо аҷри ҷазил ҳосил ояд, дар он саъй мефармояд.
Ва бар муқтазои ин муқаддима, ин дуогӯйро ба тарҷумаи он мисол дод. Ва итмоми ин мақсуд ва таҳсили ин матлуб дар ғояти тааззур ва ниҳояти таассур буд. Чӣ тазоҳуми афвоҷи ҳаводис ва талотуми амвоҷи вақоиъ эътилоли табъ ва ихтилоли ҳол бор овардааст ва курбати гурбат ва шайни3 дайн оташи ҳиддати хотир фурӯ миронида ва оби сафои қариҳа тира гардонида. Аммо, эътино ва эҳтимоми соҳибӣ ба тадоруки ин ҳол ва талофии ин кор қиём намуд. Ва анвои аёдии биз4 ва эҳсони мустафиз дар ҳол мабзул фармуд ва фунуни там-
1 Наҳл, 16:122.
2 Бо он чӣ, бо он ки.
3 Шайни - айб 4 Аёди (ҷамъи яд); аёдии биз - ҳимоятҳои ошкор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё