Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Пас ин илм [низ] ба зарурат ду қисм аст: зоҳир ва ботин. Ва илми зоҳир, ки тааллуқ ба ҷавореҳ дорад, ҳам ду қисм аст: ибодат ва одат. Ва илми ботин, ки нисбати он ба аҳволи дил ва ахлоқи нафс аст, низ ду қисм аст: мазмум ва маҳмуд. Ва дар илми муомала назар аз ин чаҳор қисм берун нашавад.
Боиси дуввум он аст, ки содиқ дидам рағбати талабаи илм дар фиқҳе, ки салоҳияти он дорад, ки касе, ки аз Худой натарсад онро василати мубохот ва муфоҳарат созад ва ба ҷоҳу манзалати он дар мунофаса1 ва муҳосада истизҳор ҷӯянд.
Ва фиқҳ мураттаб аст бар чаҳор рубъ. Ва ҳар чӣ бар зай ва ҳайати маҳбуб бошад, он чиз ҳам маҳбуб бувад. Пас, дур надонистам, ки ин китобро ба сурати фиқҳ тасвир кардан ва бар ҳалби тартиби он мураттаб гардонидан, то талаттуфе бошад дар истимолати дилҳо.
Ва ҳам бад-ин сабаб бувад, ки яке аз мусаннифони тиб чун хост, ки дилҳои меҳтаронро ба илми тиб моил кунад, китобе сохт ба сурати тақвим ва илми тибро дар ҷадовил ва рукум баён кард ва онро «Тақвиму-с-сиҳҳат»2 ном ниҳод, то унсе, ки он меҳтарон ба илми нуҷум доштанд, эшонро боис ва муҳарриз ояд бар мутолаа. Пас, бар муқтазои ин сиёқ талаттуф дар истимолати дилҳо ба илме, ки муфиди ҳаёти абад ва сиҳҳати сармад бошад муҳимтар бувад аз талаттуф дар истимолат ба илме, ки ҷуз муфиди сиҳҳати ҷасад набувад. Ва самараи ин илм тибби дилҳо ва ҷонҳост, ки он василати ҳаёти абад-ул-обод аст. Пас, чӣ монад бад-ӯ тиббе, ки самараи он муолаҷаи аҷсод аст, ки он ба зудӣ маҳалли бутлону фасод аст. Пас, матлуби мо тавфиқи рашод ва сидод аст аз ҳазрати Борӣ — субҳонаҳу ва таъоло — ки карими ҷавод аст.
1 Мунофаса — бар сари чизе бо ҳам бухл варзидан ва ҳамчашмӣ кардан, ба рақобати якдигар бар чизе рағбат кардан.
2 Гӯё мақсуди Ғаззолӣ китоби «Тақвиму-с-сиҳҳат»-и нигориши Абулҳасан ал-Мухтор ибни Абдун ибни Саъдун ибни Батлон ал-Бағдодӣ аст, ки ба Ибни Бутлон маъруф шудааст. Ибни Бутлон ба ривояти Ибни Абуӯсиябиа ба соли 455 ҳиҷрӣ дар Антокия дида аз ҷаҳон фурӯ бастааст. Аз китоби «Тақвиму-с-сиҳҳат»-и навиштаи Ибни Бутлон тарҷумаи форсӣ низ аз мутарҷими номаълум бар ҷой монда, ки таърихи китобати яке аз нусхаҳои хаттии он соли 517 ҳиҷрӣ аст. Ин тарҷумаи форсӣ ба ҳиммати доктор Ғуломҳусайни Юсуфӣ тасҳеҳ ва дар шумори интишороти «Бунёди фарҳанги Эрон» чоп шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё