Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ТаърихМаърифат
Аз аввал хонданВа қавлуҳу – алайҳи-с-салом: «Синфони мин уммати изо салаҳу салаҳа-н-носу: ал-умароу ва-л-фуқаҳоу». Ай, ду синф аз умматони ман чун ба салоҳ бошанд, ҳама мардумон ба салоҳ оянд: яке подшоҳон ва дуввум уламо.
Ва қавлуҳу, алайҳи-с-салом: «Изо ато алайя явмун ло аздоду фиҳи илман юқаррибуни ила-л-Лоҳи фало бурика ли фи тулӯи шамси золика-л-явми». Ай, чун рӯзе бар ман гузарад, ки маро дар он илме зойид ҳосил нашавад - ки сабаби курби Ҳаққ таъоло бошад - дар тулӯи хуршеди он рӯз маро баракате набувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё