Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

Ва Абдуллоҳ ибни Муборакро пурсиданд, ки мардумон киёнанд? Гуфт: «Олимон». Гуфтанд: «Подшоҳон киёнанд?» Гуфт: «Зоҳидон». Гуфтанд: «Сифла кист?» Гуфт: «Он ки дунё ба дин талабад. Ва ғайри олимро аз мардумон нашмарад. Бад-он чи хосияте, ки одамӣ бад-он аз баҳоим мутамайиз мешавад, илм аст. Ва мардум бад-он чи шараф ёфтааст, бад-он мардум аст ва он қуввати шахс нест, ки шутур қавитар аз ӯст ва бузургии ҷусса нест, ки пил бузургтар аз ӯст ва далерӣ нест, ки шер далертар аз ӯст ва на барои хӯрдан аст, ки шутур фарохшикамтар аз ӯст ва на барои муҷомаат, ки хасистарини гунҷишкон дар он аз вай қавитаранд, бал офарида нашудааст, магар барои илм».

Ва ҳакиме гуфт: «Кошкӣ бидонаме, ки он ки аз илм маҳрум шуд чӣ чиз ёфт, (13) ва он ки илм ёфт, аз чӣ чиз маҳрум монд?»

Ва Фатҳи Мавсилӣ гуфт: «На беморро чун таому шароб ва дору надиҳанд бимирад?» Гуфтанд: «Бале». Гуфт: «Ҳамчунин дилро чун се рӯз ҳикмату илм надиҳанд, бимирад».

Ва ба ҳақиқат рост гуфтааст, чи ғизои дил илму ҳикмат аст ва ҳаёти ӯ бад-он аст, чунон ки ғизои тан таъом аст. Ва ҳар кӣ илм наёбад, дили ӯ бемор шавад ва марги ӯ лозим ояд, валекин ӯро аз он шууре набувад, чи дӯстии дунё ва машғулии он дарёфтани ӯро ботил кардааст, чунон чӣ ғалабаи тарс дарёфтани дарди хастагиро дар он ҳол, ки хаста шавад, ботил кунад. Ва чун марг машғулиҳои дунё аз вай дур кунад ҳалоки худ дарёбад ва пушаймон шавад – пушаймонии беманфаат – чунон ки масте хаста шавад ва ба сабаби мастӣ онро дарнаёбад ва чун ҳушёр шавад, дарди хастагӣ эҳсос кунад. Ва ба Худой - азза ва ҷалла - паноҳем аз рӯзи парда бардоштан, чи мардумон хуфтаанд, чун бимиранд бедор шаванд.

Ва Ибни Масъуд гуфт: «Дар таҳсили илм кӯшед пеш аз он ки онро бардоранд ва бардоштани он мурдани ҳамалаи

пешина
аз 567
навбатӣ