Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ва беҳҳои маҳзурот аст. Ва аздоди ин - ки он хӯйҳои сутуда аст - чашмаҳои тоот ва қурубот аст. Пас, донистани ҳудуди ин корҳо ва ҳакоиқу асбоб ва самараю илоҷи он илми охират аст. Ва он фатвои уламои охират фарзи айн аст. Ва рӯйгардонданда аз он ҳолик аст дар охират ба гирифти¹ подшоҳи подшоҳон, чунон ки рӯйгардонданда аз корҳои зоҳир ҳалок аст ба шамшери салотини дунё дар фатвои фуқаҳои он. Пас, назари фуқаҳо дар фарзҳои айн ба изофати салоҳи дунёст² ва ин бо изофати салоҳи охират.
Ва агар фақеҳеро аз маъние аз ин маъонӣ³ бипурсанд то ба ҳадде, ки агар аз ихлос, масалан, ё аз таваккул, ё аз ваҷҳи эҳтироз аз риё бипурсанд, ҳаройина ҷавоб натавонад гуфт, бо он чи фарзи айни ӯст, ки дар гузошти он ҳалоки ӯст дар охират. Ва агар аз лиону зиҳор ва сабку рамӣ пурсанд, ҳаройина муҷалладҳо фурӯ хонад ва аз фаръҳои борик, ки рӯзгорҳо гузарад ва ба чизе аз он ҳоҷат набувад ва агар бувад, шаҳр аз касе, ки ба ҷавоби он қиём намояд ва маунати он кифоят кунад, холӣ набушад. Пас, ҳамеша шабу рӯз дар ёд гирифтан ва гуфтани он ранҷ мебарад ва аз он чи муҳими ӯст дар дин, ғофил мебошад. Ва чун ин сухан ба вай бигӯянд, гӯяд, ки илми дин аст ва фарзи кифоят аст, аз он сабаб бад-он машғул шудаам ва дар ин тааллул⁴ бар худ ва ғайри худ талбис кунад. Ва зиракон донанд, ки ғарази ӯ гузорди фармони Ҳаққ [будӣ] дар фарзи кифоят, ҳаройина фарзи айнро бар он муқаддам доштӣ, бал бисёр аз фарзҳои кифоятро бар он тақдим кардӣ. Чи бисёр шаҳр ҳаст, ки табиби он ҷуз зиммӣ нест ва гувоҳии эшон дар он аҳком, ки тааллуқ ба тибб дорад, нашояд шунид ва ҳеҷ касро намебинам, ки бад-он машғул мешавад. Ва дар илми
1 Гирифт — муоҳаза.
2 Дар робита ба ислоҳи дунё.
3 Аз сифоти дил.
4 Тааллул – баҳона овардан, далер тарошидан, баҳонаҷӯй.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё