Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

доруҳои бисёр мефармой? Гуфт: «Максуд аз он якест ва замми дигарҳо бо он барои он аст, ки тезӣ кам кунад, чӣ муфрадот зиёнкор бувад». Пас ин ва амсоли ин - ки аз ҳаср берун аст - далел аст бар азамати манзалати ӯ дар маърифати Ҳаққ таъоло ва илмҳои охират.

Мутарҷим мегӯяд: «Ба «таҳқиқ» он хостааст, ки қавоиду усули он илм, ки ҷумлаи масоили он бар он мутафарреъ¹ шавад, ба иттифоқ бидонад ва қадами ӯ дар он росиҳ гардад. [46] Ва таарруз аз дигар улум ҳоҷат бувад».

Аммо иродати² ӯ ба фиқҳ ва мунозара дар он ризои Ҳаққ таъолоро далел бар он аст, ки аз вай ривоят кардаанд, ки гуфт: «Дӯст дорам, ки мардумон аз ин илм манфаат бигиранд ва чизеро аз он ба ман нисбат набусад». Бингар, ки чӣ гуна бар офоти илм ва номаҷӯйи бад-он мутталеъ шудааст ва чӣ гуна дилаш аз илтифот бад-он муназзаҳ буд ва нияташ дар он ризои Ҳаққ таъолоро муҷаррад.

Ва Шофеъӣ гуфт: «Ҳаргиз бо касе мунозара накардаам бо иродати он чӣ вай хато гӯяд ва ҳаргиз бо касе сухан нагуфтаам, ки нахостам, ки вай муваффақ ва мусаддад³ бошад ва ба ионату риояту ҳифзи Борӣ таъоло муайяд. Ва ҳаргиз бо касе сухан нагуфтаам, ки маро бок бувад аз он чӣ Худой — азза ва ҷалла — ҳаққ бар забони ман зоҳир гардонад ё бар забони вай. Ва сухани ҳақ [ва] ҳуҷҷат бар касе эрод накардам — ва ӯ онро аз ман қабул кард — ки на аз вай битарсидам ва дӯстии вайро мӯътақид шудам. Ва мукобара накард касе бо ман дар ҳақ ва ҳуҷҷатро мудофаат нанамуд, ки на дар чашми ман соқит шуд ва даст аз вай бидоштам». Пас, ин аломот аст, ки далел аст бар он ки матлуби ӯ ба фиқҳу мунозара Ҳаққ таъоло буд.

¹ Мутафарреъ - чизе, ки аз чизи дигар ҷудо ва муншаиб шуда бошад, шоха-шоха шуда.
² Иродат - ирода.
³ Мусаддад - росту дуруст.

пешина
аз 567
навбатӣ