Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Мусанниф гуфт: «Дар беҳушии ӯ бингар, пас дар панди ӯ, чӣ гуна бар зухд ва ғояти тарси ӯ далел мекунад! Ва ин тарсу зухд ҳосил нашавад ҷуз ба маърифати Ҳаққ таъоло, чӣ тарси Ҳаққ таъоло дар миёни бандагон ҷуз олимонро набувад. Ва ин тарс Шофеъиро аз илми китоби «Салам» ва «Иҷорат» ва дигар кутуби фиқҳ ҳосил нашуда буд, балки аз илмҳои охират, ки аз Қуръону ахбор мустаҳраҷ аст, ҳосил шуда буд, чӣ ҳикматҳои пешиниён ва пасиниён дар он аст».
Ва аммо илми ӯ ба асрори дил ва илмҳои [45] охират аз ҳикматҳо, ки аз ӯ ривоят кардаанд, тавон донист. Омадааст, ки вайро аз риё пурсиданд. Бар бадеҳа гуфт, ки риё фитнаест, ки ҳаво баробари биноиҳои дилҳои олимон онро акд кардааст ва эшон ба бадихтиёрии нуфус дар он нигариста ва аъмоли эшонро он ботил карда. Ва Шофеъӣ гуфт: «Чун бар амали худ аз учб битарсӣ, бингар, ки ризои киро толибӣ ва дар кадом неъмат роғиб ва аз кадом уқубат тарсон ва кадом неъматро шокир ва кадом балоро зокир, чун дар яке аз ин хисол андеша кунӣ амали ту дар чашми ту хор шавад».
Мусанниф гуфт: «Бингар, ки чӣ гуна ҳақиқати риё ва илоҷи учбро баён кард. Ва ин ҳар ду аз офатҳои бузурги дил аст».
Ва Шофеъӣ гуфт: «Ҳар кӣ нафси худро сиёнат накунад, илми ӯ вайро суд надорад». Ва гуфт: «Ҳар кӣ фармон барад Ҳаққ таъолоро сирри ӯ ба фиқҳ ороста шавад». Ва гуфт: «Ҳеҷ кас нест, ки на ӯро дӯстеву душманест; ва чун бар ин ҷумлат аст, дӯсти мутеъон бош». Ва дар ривоят аст, ки Абдулқоҳири Абдулазиз марди порсову парҳезгор буд ва аз Шофеъӣ масоили вараъ пурсидӣ ва Шофеъӣ бад-он бар вай иқбол фармудӣ. Пас Шофеъиро пурсид, ки сабр фозилтар ё меҳнат ё тамкин? Шофеъӣ фармуд, ки тамкин дараҷаи анбиёст ва он набошад магар пас аз меҳнат ва чун банда мумтаҳан шуд сабр кунад ва чун сабр кард, тамкин ёбад.
Набинӣ, ки Ҳаққ таъоло Иброҳимро ибтило фармуд, пас тамкин дод ва Мӯсо[ро] имтиҳон кард, пас мумаккан гардонид ва Айюб низ пас аз бало тамкин ёфт ва Сулаймон пас аз ибтило дар мулке, ки «ло янбағӣ лиаҳадин мин баъдӣ» мумаккан гашт. Ва тамкин фозилтарини дараҷот аст. Қола-л-Лоҳу: «Ва қазолика макканно ли Юсуфа»2. Ва дар ҳаққи Айюб пас аз меҳнати азим фармуд: «Ва отайноҳу аҳлаҳу ва мислаҳум маъаҳум»3.
Мусанниф гуфт: «Ин сухан аз Шофеъӣ далел аст бар он чи ӯ дар асрори Қуръон [мутабаҳҳир] будааст ва бар мақомоти соликони маърифат - аз анбиёю авлиё - мутталеъ ва он ҳама аз илмҳои охират аст».
Ва Шофеъиро пурсидаанд, ки мард кай бад-он дараҷа расад, ки вайро олим тавон хонд? Фармуд, ки чун дар илме, ки дар он хоиз аст мутаҳаққиқ шавад ва илмҳои дигарро мутаарриз будад, ки Ҷолинусро гуфтанд, ки як иллатро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо